Рисолаи “Доди сухан”-и Сироҷиддин Алихони Орзу ба адабиёти форсизабони Ҳинд тааллуқ дошта, яке аз асарҳо ва сарчашмаҳои муҳимтарини нақди адабӣ ба шумор меравад. Дар рисола таҳлил ва баррасии қасидаҳои ҷавобияи шоирони ҳамасри суханвар, аз ҷумла Мунири Лоҳурӣ, Мулло Шайдо ва Муҳаммадхони Қудсӣ ҷойгоҳи хосаро касб кардааст. Дар ин рисола Орзу ҳамчунин дидгоҳҳои адабии хешро баён намуда, истилоҳҳои адабии “шеърфаҳмӣ” ва “шеършиносӣ” - ро шарҳ додааст. Чор намуди идрок ва фаҳмиши шеър ба риштаи таҳлил кашида шудааст: 1. Фаҳмидан ба тариқи мазоқи омма; 2. Фаҳмидан ба тариқи муллоён; 3. Идроки арбоби бадеиён; 4. Фаҳми сухан мувофиқи мазоқи шуаро. Алихони Орзу зимни таҳлили қасидаҳои ҷавобӣ оид ба услуби шеърӣ, бахусус, тарзи корбурди вожаҳо ва махсусан вожасозӣ мулоҳизаҳои танқидӣ баён кардааст.
адабиёти форсизабони Ҳинд, нақди адабӣ, сабки ҳиндӣ, қасидаҳои ҷавобӣ, Алихон Орзу, Мунири Лоҳури, Мулло Шайдо, сабки шоирӣ
1. Лоҳурӣ, Мунир. Корнома.Бо муқаддима ва тасҳеҳи Саид Муҳаммад Икром. –Исломобод: Интишороти маркази таҳқиқоти форсӣ,1397.–28 с.
2. Орзу, Сироҷиддин Алихон. Сироҷи Мунир. Бо муқаддима ва тасҳеҳи Саид Муҳаммад Икром. –Исломобод: Интишороти маркази таҳқиқоти форсӣ,1397.–86 с.
3. Орзу, Сироҷиддин Алихон. Доди сухан. Бо муқаддима ва тасҳеҳи Саид Муҳаммад Икром. –Исломобод: Интишороти маркази таҳқиқоти форсӣ,1384.–86 с.
4. Сархуш. Каламоту-ш-шуаро.Тасҳеҳи Алиризо Қазва.–Теҳрон:Китобхонаи музеи маркази асноди Маҷлиси Шурои исломӣ, 1389.–310 с.
5. Хушгӯ, Биндронад Дос.Сафинаи Хушгӯ. Дафтари солис.Ба кӯшиши Саид Шоҳмуҳаммад Атоурраҳмон, Ато Коку.–Патна:Биҳор, 1959.–400 с.
6. Тоҳири Насрободӣ, Мирзо. Тазкираи Насрободӣ. –Теҳрон, 1317. – 575 с.
7. Футӯҳӣ, Маҳмуд. Нақди адабӣ дар сабки ҳиндӣ. Чопи аввал.–Теҳрон:Сухан,1385.– 440с.