0.0/5 овоз (0 овозҳо)

НУСХАҲОИ ТОҶИКИСТОНӢ ВА ӮЗБЕКИСТОНИИ “ҶАВОМЕЪ-УЛ-ҲИКОЁТ ВА ЛАВОМЕЪ-УР-РИВОЁТ”-И МУҲАММАД АВФИИ БУХОРОӢ

Муаллиф (он)

Агзамова Р.Э.

Чакидаи мақола

Нусхаҳои хаттии “Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт”- и тазкиранависи маъруфи адабиёти классикии тоҷик Муҳаммад Авфии Бухороӣ, ки дар китобхонаҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нигоҳдорӣ мешаванд, мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Таъкид шудааст, ки беш аз 70 дастнависи ин китоб дар махзани китобхонаҳои мамолики ҷаҳон, аз ҷумла Инглистону Фаронса, Русияву Эрон, Туркияву Покистон ва Олмону Австрия маҳфуз мебошанд. Баррасии нусхаҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бар мабнои навию куҳнагӣ ва комилию нокомилии матн, анвои хат, қавоиди имлову расмулхат, ҳаҷму миқдори саҳафот, афтодагиву афзудагӣ ва мулҳақот анҷом дода, хулоса шудааст, ки нусхаҳои мазкур бар хилофи нусхаҳои муътабари китобхонаҳои Туркия, Русия, қисман Эрону Ҳиндустон ба сабабҳои мухталиф аз назари муҳаққиқону мураттибони “Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт” берун афтодаанд. Ба ҷуз ин, муайян карда шуд, ки нусхаҳои куҳани дигаре низ вуҷуд доранд, ки аз ҳар ҷиҳат қобили таваҷҷуҳ буда, бо қидмати расмулхат ва таърихгузорӣ имтиёз мекунанд.

Калидвожаҳо

нусхаҳои хаттӣ, “Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт”, Муҳаммад Авфӣ, нусхаҳои комил, нусхаҳои ноқис, анвои хат, ҳаҷму миқдори саҳафот

Пайнавишт

1.    Авфӣ, Муҳаммад. Гулчини Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт [Матн]/М. Авфӣ; Тартибдиҳанда ва муаллифи муқаддима М.Бақоев. – Душанбе: Ирфон, 1966. – 172 с.

2.    Вохидов С.Жизнь и творческое наследие МухаммадаАвфи / С. Вохидов. – Душанбе: Дониш,1989. – 168 с.

3.    Муин, Муҳаммад. Тарҷумаи аҳволи Авфӣ. Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёти Садидуддин Муҳаммад Авфӣ. – Теҳрон, 1340. – С. 1-80.

4.    Мусаффо, Амирбону. Муқаддимаи мусаҳҳеҳ. Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёти Садидуддин Муҳаммад Авфии Бухороӣ. – Теҳрон: Интишороти Бунёди фарҳанги Эрон,1352. – С.95-116.

5.    Сангова, Ҳ. Таркиб ва мундариҷаи “Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт” [Матн]: дисс. номз. илм. филол./ Ҳ. Сангова.  – Душанбе, 2003. – 169 с.

6.    Собрание восточных рукописей Академии наук Узбекской ССР. Т.10. – Ташкент:Фан, 1975.   – 707 с.

7.    Собрание восточных рукописей АН ТаджССР. Т.5 – Душанбе, 1974.С. 215.

8.    Каталог Фонда Института рукописей. Т.2 – Ташкент, 1988. 412 с.

9.    Nizamuddin, Muhammad. Introduction to the Jawami ul-hikayat wa lawami ur-riwayat of Sadidud-Din Muhammad Al-Awfi. London: Luzac,1929. - 613 p.

Таърихи нашр

Вторник, 14 Январь 2025