0.0/5 овоз (0 овозҳо)

АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИК ДАР ФАРҒОНА

Муаллиф (он)

Мирзоюнус М.

Чакидаи мақола

Вазъи адабии адабиёти тоҷик дар водии Фарғона ва сарчашмаҳои омӯзиши ин ҳавзаи адабӣ дар адабиётшиносии муосири Ӯзбекистон баррась шудааст. Зикр карда мешавад, ки дар замони истиқлол адабиёти  тоҷик беш аз ҳама дар водии Сӯх равнақ пайдо кард. Таъкид шудааст, ки назми ин водиро шоироне мисли Муҳаммад Шодӣ, Аҳрор Маҳмудзода, Раҳимбердӣ Тошматов, Равшан Муъмин, Абдулмуҳаммад Пӯлодӣ,  Зоҳир Султон, Ҳошим Ҳокимпур, Бурҳонҷон Расулов, Ҳакимҷон Мирзокаримов, Аббосҷон Хидиров, Амонҷон Фармонов намояндагӣ мекунанд. Аз миёни шоирон Нодир Нодирӣ, Масъуд Мирзо, Расулбек Аҳмадзод, Садриддин Ҳушёрӣ, Ҳамробой Илҳом, Эркин Даврон, Рустам Ҳусейнзода, Одил  Комил, Нилуфар ва  чанд тани дигар эътибори хос доранд. Бо кори таҳқиқ адабиётшиносону забоншиносон ва рӯзноманигорон Фарҳод Исомаддинов, Муқаддас Дадобоев, Мирзо Баҳраев, Зафарҷон Раҳмат, Масъуд Мирзо, Парвиз Ахмадҷонов, Баҳриддин Тоҷиддин, Содиқҷон  Тоҳиров, Аъзам Мавлон, Ҷахонгир Мирзо, Ҷумъа Ҷамол ва дигарон машғул ҳастанд. Дар мақола аз намояндагони дигари водии Фарғона ба эҷодиёти Ҳабиб Имодӣ руҷуъ шудааст. Хулоса шудааст, ки дар замони истиқлол, махсусан дар даҳ соли охир рушди босуръати адабиёти тоҷик дар ин водӣ ба мушоҳида меояд.

Калидвожаҳо

адабиёт, шеър, наср, маҷмуа, водии Фарғона, Сӯх, нависандагону шоирон

Пайнавишт

1.    Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Адиб, 2014. – 325 с.

2.    Аҳмадзод Расулбек. Фарди фардо. – Тошканд, 2023. – 328 с.

3.    Донишномаи забон ва адабиёти форсии Ӯзбекистон (қарни бистум то кунун) / Бо сарпарастии доктор Аббосалии Вафоӣ. – Теҳрон, 1384. – 627 с.

4.    Қамарзода Аслиддин. Донишнома – тазкираи суханварони тоҷики Ӯзбекистони асри ХХ – ибтидои асри ХХ1. – Душанбе: Дониш, 2023. – 1038 с.

5.         Ҷилои ахтарони Сӯх / Мураттиб ва муҳаррир Ҷ. Ҷамол. –Тошканд: Ғафур Ғулом, 2002. – 240 с.

6.    Масъуди Мирзо. Бозгашт. Маҷмӯаи шеърҳо. – Тошканд: Тамаддун, 2022. – 214 с.

7.    Олимони тоҷиктабори Фарғона. Маҷмуаи биобиблиографӣ / Мураттиб ва муҳаррир Арслонзода Р.А. – Фарғона: Классик, 2023. – 236 с.

Таърихи нашр

Вторник, 14 Январь 2025