Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе (он замон Сталинобод) дар муолиҷаи чанговарони маҷруҳи Артиши Сурх нақши калон бозид. Дар пойтахт беморхонаҳои ҳарбӣ ташкил ва ҷойгир карда шуданд. Дар асоси маводи нави бойгонӣ ва адабиёти мавҷуда фаъолияти беморхонаҳои ҳарбии дар Душанбе таъсисёфта ва ба ин ҷо интиқол додашуда, ғамхории онҳо нисбати маҷруҳону беморон, таъминоти моддию техникии беморхонаҳо инъикос ёфтааст. Бори аввал қайд мешавад, ки дар Сталинобод шумори бемористонҳои ҳарбӣ нисбат ба он миқдоре, ки то ҳол зикр мегардид, бештар буд. Зикр шудааст, ки бемористонҳои ҳарбии шаҳр аз рӯи самтҳои мушаххаси бемориҳо ба ихтисосҳо ҷудо карда шуда буданд. Дар бемористонҳо барои маҷруҳон чорабиниҳои гуногун, лексияву консертҳо доир карда мешуданд. Инчунин ишора меравад, ки мушкилии асосии бемористонҳои ҳарбӣ нарасидани протез барои маъюбон буд. Дар асоси маводи нави бойгонӣ факту рақамҳое оварда шудаанд, ки дар бобати маҳсулнокии кори табибон дар табобати маҷруҳон ва захмиёни Артиши Сурх нақл мекунанд. Роҳбарияти ҷумҳурӣ дар бемористонҳо курсҳои махсуси омӯзишӣ таъсис дода буд, ки ба маҷрӯҳон ва беморон касбҳои нав меомӯхтанд.
Тоҷикистон, Сталинобод, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, беморхонаҳои ҳарбӣ, курсҳо, табобат, маҷруҳон, беморон, протез
1. Шерматов Г. Эвакогоспитали Таджикистана (1941-1945 гг.) / Г. Шерматов. – Душанбе, 2021. – С. 12.
2. Коммунист Таджикистана. – 1942. – 30 окт.
3. ЦГА РТ. Ф. 279, оп. 13, д. 1, л.145.
4. https://v-ipc.ru/search/hospital
5. Марченко М.А. Вклад здравоохранения Таджикистана в победу в Великой Отечественной войне 1941-1945 гг.: дисс… канд. мед. наук / М.А. Марченко. – Душанбе, 2004. – С. 57.
6. ГАНИТ (Государственный архив новейшей истории Таджикистана ). Ф.3, оп. 125, д.89, л.7.
7. ГАНИТ. Ф.3, оп. 125, д.89, л.8.
8. ЦГА РТ. Ф.279, оп. 13, д. 1, л.51.
9. ГАНИТ. Ф. 3, оп. 87, д. 4, л.3.
10.ЦГА РТ. Ф.279, оп. 13, д. 6, л. 27.
11.ЦГА РТ. Ф.279, оп. 13, д. 6, л. 50.
12.ГАНИТ.Ф. 3, оп. 125, д. 78, л. 144.
13.ГАНИТ. Ф. 3, оп. 87, д. 4, л 15.
14.ГАНИТ.Ф. 3, оп. 125, д. 78, л. 145.
15.ГАНИТ. Ф. 3, оп. 109, д. 179, л. 19.
16.ГАНИТ. Ф. 3, оп. 87, д. 4, л 15.
17.ГАНИТ.Ф. 3, оп. 125, д. 78, л. 150.
18.ГАНИТ.Ф. 3, оп. 125, д. 119, л. 13л.
19.ГАНИТ.Ф. 3, оп. 125, д. 120, л. 77.
20.ГАНИТ.Ф. 3, оп. 125, д. 120, л. 78.
21.ГАНИТ.Ф. 3, оп. 125, д. 120, л. 44.
22.ЦГА РТ. Ф. 279, оп. 13, д. 10, л. 5.
23.ГАНИТ.Ф. 3, оп. 125, д. 142, л. 55.