0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ЭТНОГРАФИЗМҲО ДАР НАСРИ СОРБОН

Муаллиф (он)

Ӯзбеков С.В.

Чакидаи мақола

Усулҳои истифодаву тобишҳои маъноии этнографизмҳо дар осори насрии давраи муосир дар заминаи осори Сорбон баррасӣ шудааст. Таъкид гардидааст, ки дар забоншиносии муосири тоҷик масъалаи мазкур ба таври бояду шояд мавриди таҳқиқ қарор нагирифтааст. Вожаҳои этнографӣ ба ду гурӯҳ ҷудо карда шудаанд: а) калимаҳое, ки моҳиятан барои кулли ворисони забон умумианд; б) калимаҳое, ки дар минтақаҳои муайяни ҷуғрофӣ маъмул буда, барои муоширати доираи нисбатан маҳдуди аҳолӣ мусоидат менамоянд. Зикр гардидааст, ки унсурҳои этнографии осори Сорбон ба гурӯҳи дувум мансубанд. Унсурҳои мазкур асосан барои ифодаи номи ашёи гуногуни рӯзгор ва муносибатҳои одамон ба кор мераванд. Этнографизмҳои насри Сорбонро ба се гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: 1) калимаҳое, ки ба ашёю лавозимоти манзил алоқаманданд; 2) калимаҳое, ки номи либос ва пойафзолро ифода менамоянд; 3) калимаҳое, ки мансубият ба хешиву таборӣ доранд. Таҳлили қиёсии этнографизмҳои осори Сорбон бо лексикаи шабеҳи гӯишҳои дигари забони тоҷикӣ сурат гирифтааст. 

Калидвожаҳо

насри муосири тоҷик, эҷодиёти Сорбон, этнографизмҳо, таснифи этнографизмҳо, шеваҳои забони тоҷикӣ, муносибатҳои хешутаборӣ

Пайнавишт

1.    Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 1. Фонетика. Морфология.–Душанбе: Дониш, 1985.–355 с.

2.    Ғаффоров Р. Нависанда ва забон. – Душанбе: Ирфон, 1977. -208 с.

3.    Забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 1. Лексикология, фонетика, морфология. Китоби дарсӣ барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ.–Душанбе: Ирфон, 1973.–451 с.

4.    Исмоилов Ш. Як омили халқияти забони асари бадеӣ. - Душанбе, 2012. -120 с.

5.    Маҳмудов М., Ҷӯраев Ғ., Б.Бердиев. Фарҳанги гӯйишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ. (нашри дуюм бо илова ва тасҳеҳ). - Душанбе: Дониш, 2017. -846 с. 

6.    Наҷот, Доро. Фарҳанги Доро (луғатномаи барчидаи тафсирӣ ва решашинохтӣ). Ҷилди 1-2. - Душанбе, 2021, -658+698 с.

7.    Нуров А. Фарҳанги ашъори Рудакӣ.–Душанбе: Маориф, 1990.–368 с.   

8.    Сорбон. Куллиёт. Ҷилди I. -Душанбе: Эҷод, 2009. - 488 с.

9.    Сорбон. Куллиёт. Ҷилди II. — Душанбе: Эҷод, 2009. - 444 с.

10. Сорбон. Куллиёт. Ҷилди III. — Душанбе: Эҷод, 2009. - 408 с.

11. Сорбон. Куллиёт. Ҷилди IV. — Душанбе: Эҷод, 2009. - 440 с.

12. Ӯзбеков С. Вожаномаи гӯиши Андарақ. –Хуҷанд: Ношир, 2020. - 200 с.

13. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷилдҳои 1–2. - Москва: Советская энциклопедия, 1969. –951+949 с.

14. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Ҷилдҳои 1–2. - Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. –950+945 с.

15. Ҳоҷиев С. Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри ХХ. Нашри дуюм –Хуҷанд: Ношир, 2024.–224 с.

16. Шанский Н.М. Лексикология современного русского языка. - Москва, 1972. -С. 120.

Таърихи нашр

Понедельник, 19 Январь 2026