0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ИНЪИКОСИ МУБОРИЗАИ ХУҶАНДИЁН БАР ЗИДДИ АРАБҲО ДАР МАЪХАЗҲОИ ХАТТӢ

Муаллиф (он)

Аюбов А.Р.

Чакидаи мақола

Муборизаи халқи тоҷик ба муқобили истилогарони араб яке аз давраҳои калон ва мураккаби таърихнигории ватанӣ мебошад. Вақте ки арабҳои мусулмон ҳокимияти худро дар тамоми Арабистон барқарор намуданд, онҳо ҳуҷуми худро ба Эрон оғоз карданд ва соли 642 онро анҷом дода, рӯ ба Хуросону Мовароуннаҳр оварданд. Дар омӯзиши масъалаҳои таърихи халқи тоҷик баробари маводҳои бостоншиносӣ ва асарҳои таърихию ҷуғрофӣ, ҳуҷҷатҳои хаттӣ низ аҳаммияти муҳим доранд. Яке аз онҳо ҳуҷҷатҳои Қалъаи кӯҳи Муғ дар Суғд мебошад. Омӯзиши ҳуҷҷатҳо нишон медиҳад, ки дар онҳо дар қатори маълумоти дигар лаҳзаҳои мубориза зидди истилогарони араб низ инъикос ёфтааст. Дар яке аз ҳуҷҷатҳо муборизаи аҳолии шаҳри Хуҷанд барои озодӣ тасвир шудааст. Дар муборизаи зидди арабҳо тамоми мардуми Осиёи Миёна, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд. Ҳарчанд ҳаракати озодихоҳонаи хуҷандиён бо нокомӣ анҷом ёфт, вай чун рамзи ватандӯстӣ боқӣ мемонад.

Калидвожаҳо

истилои арабҳо, сокинони Хуҷанд, ислом, муборизаи озодихоҳона, маъхазҳои хаттӣ, ҳуҷҷатҳои қалъаи Муғ

Пайнавишт

1.    Балазури, Ахмад ибн Иахйа ибн Джабир. Завоевание Хорасана (Извлечение из сочинения «Футух ал-булдан») / Перевод с арабского, предисловие, комментарии и указатели Г.Гоибова. - Душанбе: Дониш, 1987. -  120 с.

2.         Балозурӣ А. Футуҳу-л-булдон. Тарҷумаи Муҳаммади Таваккал. – Теҳрон: Катиба, 1337 ш. – 787 с.

3.    Ғафуров Б.Ғ. Тоҷикон: таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. – Душанбе: Дониш, 2008. – 870 с.

4.    Ғуломов Т.М. Таърихнигории забткориҳои араб ва муборизаҳои истиқлолхоҳонаи мардуми Хуросону Мовароуннаҳр дар асрҳои VIII-X:диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 07.00.09 – Таърихнигорӣ, маъхазшиносӣ ва методҳои таҳқиқоти таърихӣ. – Душанбе, 2023. - 345 с.

5.    Джалилов А. Согд накануне арабского нашествия и борьба согдийцев против арабских завоевателей в первой половине VIII в. // Труды АН ТаджССР. ТомХХХ. – Сталинабад: Изд-во АН ТаджССР. – 176 с.

6.    История Ленинабада.– Душанбе: Ирфон, 1986. – 608 с.

7.    Крачковский И.Ю., Крачковская В.А. Древнейший арабский документ из Средней Азии // Согдийский сборник. Сборник статей о памятниках согдийского языка и культуры, найденных на горе Муг в Таджикской ССР. - Ленинград: Издательство Академии наук СССР, 1934. - С.52-90.

8.    Лившиц В.А. Согдийская эпиграфика Средней Азии и Семиречья. – Санкт-Петербург: Филологический фак. Санкт-Петербургского гос. ун-та, 2008. - 414 с.

9.    Смирнова О.И. Очеркҳо оид ба таърихи Суғд. – Хуҷанд: Хуросон, 2025. – 412 с.

10.Согдийские документы с горы Муг. Вып.II. / Чтение, пер. и ком. В.А. Лившица. – Москва: Изд-во восточной литературы, 1962. - 224 с.

11.Согдийский сборник. – Ленинград: изд-во и тип. Изд-ва Акад. наук СССР, 1934. – 121 с.

12.Табарӣ, Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарир. Таъриху-р-русули ва-л-мулук. Китоби 5. - Душанбе: Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2014. – С.3025-3739.

Таърихи нашр

Понедельник, 19 Январь 2026