Пайдоиш, рушд ва ҳолати кунунии истилоҳоти хешутаборӣ ҳамчун яке аз муҳимтарин гурӯҳҳои лексикӣ, ки робитаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангиро инъикос мекунанд, баррасӣ шудааст. Муқоисаи низомҳои истилоҳоти хешутаборӣ дар забонҳои гуногуни туркӣ ва ҳиндуаврупоӣ, ки аз лиҳози сохтори фарҳангӣ, таърихӣ ва забонӣ умумият ва тафриқа доранд, дар маркази таҳлил қарор гирифтааст. Бо вуҷуди тафриқа дар бофтори фарҳангию таърихӣ ва сохтори забонӣ дар ин низомҳо аломатҳои умумие ба мушоҳида мерасанд, ки сабабгори онҳо қонуниятҳои дохилии инкишофи забон ва робитаҳои байнифарҳангӣ мебошанд. Натиҷаҳои таҳқиқоти забонӣ, этнографӣ ва таърихӣ, аз ҷумла асарҳои Л.Г. Морган ва дигар олимон ироа гардидаанд. Зикр мегардад, ки истилоҳоти хешутаборӣ дар забони тоҷикӣ ва лаҳҷаҳои ҷанубии он ба қадри бояду шояд омӯхта нашудааст, ки имконияти фарохи тадқиқоти минбаъдаи маҷмуӣ ва байнифанниро фароҳам меорад. Таҳлил бо назардошти хусусиятҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, гунанокии лаҳҷавӣ ва таъсири манбаъҳои хаттӣ, аз ҷумла «Девон луғот ат-турк»-и Маҳмуди Кошғарӣ сурат гирифтааст. Дар натиҷаҳои таҳқиқ низомбандии гурӯҳҳои истилоҳӣ пешкаш ва қонуниятҳои типологӣ муайян карда шудаанд, ки ба фаҳмиши нисбатан амиқи амалкард ва дигаргуншавии низоми муносибатҳои хешутаброӣ дар забонҳои мухталиф мусоидат мекунанд.
истилоҳоти хешутаборӣ, забоншиносӣ, забонҳои туркӣ, забонҳои ҳиндуаврупоӣ, гуногуннокии семантикӣ, робитаҳои забонӣ, таҳлили таърихӣ-типологӣ, «Девон луғот-ат-турк»-и Маҳмуди Кошғарӣ, сохторҳои грамматикӣ
1. Айдаров Г. Язык орхонских памятников древнетюркской письменности VIII века / Г. Айдаров. - Алма-Ата. 1971. – 380 с.
2. Афзалов Ш. Узбек тилининг Паркент шеваси // Материалы по узбекской диалектологии. Том I. Словарь произведений Навои. – Ташкент, 1953. – С.175–176.
3. Марр Н.Я. Значение и роль изучения нацменьшинства в краеведении // В кн. «Краеведение». – Москва, 1927. Т. IV, вып. I. – С. 8–169
4. Кошгарий М. Девон Лугат-ут Турк / М. Кошгарий. – Ташкент, 1960. – 499 с.
5. Мирсоатова Т.З. Сорок диалектов узбекского языка // Материалы по узбекской диалектологии. Том I / Т.З. Мирсоатова. - Ташкент. - С.127–128.
6. Ольдерогге Д.А. Малайская система родства / Д.А. Ольдерогге // Родовое общество. Материалы исследования. – Москва, 1951. – С. 28-66.
7. Писарчик А. К. О некоторых терминах родства таджиков / А. К. Писарчик // Сб. ст. по истории и филологии народов Средней Азии. Тр. Ин-та ист., археол. и этнографии АН ТаджССР. – Сталинабад, 1953. – С. 177-182.
8. Розенфельд А. З. Бадахшанские говоры таджикского языка / А. З. Розенфельд. – Ленинград, 1971. – 192 с.
9. Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / А. З. Розенфельд. – Ленинград, 1964. – 148 с.
10. Стоун Л. Родство и гендер: Введение / Л. Стоун. – Оксфорд: Westview Press, 1998. – С. 5.
11.Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ.1. – Москва: Сов. энцикл., 1969. – 951 с.
12.Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ.2. – Москва: Сов. энцикл., 1969. – 947 с.
13. Энгельс Ф. Происхождение семьи, частной собственности и государства. В связи с исследованиями Л.Г. Моргана / Ф. Энгельс. – Москва, 1937. – 244 с.