Таҳлили адабии мақомоти Хамидуддини Балхӣ анҷом дода, хусусиятҳои услуби мақомоти ӯ, сохтори ривоят ва заминаи иҷтимоии асар баррасӣ шудааст. Таваҷҷуҳи махсус ба саноеи бадеӣ — насри мусаҷҷаъ ва ғановати луғавии матн равона шудааст, ки эҷодиёти Хамидуддинро ба анъанаҳои насри арабӣ наздик мегардонанд. Арзёбии мухталифи мақомот ҳам аз ҷониби ҳамзамонони нависанда ва ҳам аз ҷониби муҳаққиқони муосир, ки омезиш ёфтани унсурҳои фароғатӣ ва андешаҳои ахлоқию иҷтимоиро зикр кардаанд, ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Ҷанбаи муҳимми таҳқиқ муайян намудани унсурҳои танқиди иҷтимоӣ мебошад, ки дар шакли ҳаҷв ва арзишҳои ахлоқӣ зуҳур ёфта, бар зидди нуқсонҳои ҷомеа — риёкорӣ, ҷоҳилӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ — равона шудаанд. Хусусияти жанри мақома дар заминаи адабиёти шарқӣ боз карда, аҳаммияти ин асар ҳамчун ёдгории фарҳангӣ ва адабӣ таъкид гардидааст.
мақома, Хамидуддини Балхӣ, адабиёти шарқ, услуби ривоят, саҷъ, танқиди иҷтимоӣ, воситаҳои бадеӣ, сохтори ривоят, насри арабӣ, таҳлили адабӣ
1. Балхи, Хамидаддин. Макамат / таҳия ва тавзеҳи Дилафрӯз Рашидова, Даврон Исобоев. — Хуҷанд : Ношир, 2021. — 256 с.
2. ﺑﻠﺨﯽ، ﻗﺎﺿﯽ ﺣﻤﯿﺪاﻟـﺪﯾﻦ. ﻣﻘﺎﻣـﺎت ﺣﻤﯿـﺪي / ﺑﻪ تصحیحِ رﺿﺎ اﻧﺰاﺑﯽﻧﮋاد. — چاپ اول. — تهران, 1365 ﻫ.ش.
3. ﺑﻬﺎر، ﻣﺤﻤﺪﺗﻘﯽ. ﺳﺒﮏشﻨﺎﺳﯽ. ج 2. — تهران : اﻣﯿﺮﮐﺒﯿﺮ, 1373 ﻫ.ش. — 467 ص
4. ﺟﻤﺸﯿﺪي، ﻟﯿﻠـﯽ; دادﺧـﻮاه، ﺣﺴـﻦ. «ﻋﻨﺼـﺮ ﺻﺤﻨﻪ در ﻣﻘﺎﻣﺎت ﺣﺮﯾـﺮي و ﻣﻘﺎﻣـﺎت ﺣﻤﯿـﺪي» // ﻓﺼﻠﻨﺎﻣﮥ ﮐﺎووشﻧﺎﻣﻪ. — سال 9, ویژهنامه عربی, ضمیمه شماره 17, 1387 ﻫ.ش. — ص. 9–31.
5. اﺑﺮاﻫﯿﻤﯽﺣﺮﯾـﺮي، ﻓـﺎرس. ﻣﻘﺎﻣـﻪﻧﻮﯾﺴـﯽ در اَدَبﯿﺎتِ ﻓﺎرﺳﯽ و ﺗﺄﺛﯿﺮِ ﻣﻘﺎﻣﺎتِ ﻋَﺮَﺑﯽ در آن. — تهران, 1346 ﻫ.ش. — 312 ص.
6. ﻧﺒﯽﻟـﻮ، ﻋﻠﯿﺮﺿـﺎ. «ﺑﺮرﺳـﯽِ ﺗﻄﺒﯿﻘـﯽِ ﻋﻨﺎﺻـﺮِ داﺳـﺘﺎن در ﻣﻘﺎﻣـﺎتِ ﺣﺮﯾـﺮي و ﻣﻘﺎﻣـﺎتِ ﺣﻤﯿـﺪي» // ﻧﺸﺮﯾﻪ ادﺑﯿﺎتِ ﺗﻄﺒﯿﻘﯽ / دانشگاه شهید باهنر کرمان. — سال 2, شماره 4, 1390 ﻫ.ش. — ص. 227–257.
7. ﺧﻄﯿﺒـﯽ، ﺣﺴـﻴﻦ. ﻓـﻦِ ﻧﺜـﺮ در اَدَبِ ﭘﺎرﺳـﯽ. — تهران : زوار, 1375 ﻫ.ش. — 637 ص
8. ﺷﻤﯿﺴﺎ، ﺳﯿﺮوس. ﺳﺒﮏﺷﻨﺎﺳﯽِ ﻧﺜﺮ. — تهران, 1384 ﻫ.ش. — 394 ص