0.0/5 овоз (0 овозҳо)

НАҚШИ ПАСВАНДҲО ДАР ТАШАККУЛИ ИСМҲОИ ҶОМЕЪ (ДАР МИСОЛИ ПАСВАНДҲОИ -ЗОР, -СОР, -ЛОХ)

Муаллиф (он)

Ваҳҳобов Т., Ёрмирзоева М. М.

Чакидаи мақола

Зикр гардидааст, ки дар забони тоҷикӣ унсурҳои калимасоз дар бунёди вожаҳои нав нақши намоён доранд ва шаклгирии калимаҳои нав тавассути пасвандҳо хеле маъмул аст. Таъкид гардидааст, ки дар забони адабии тоҷикӣ унсурҳои калимасоз, ба хусус, пасвандҳои исмсоз афзун ва сермаъно буда, дар имконоти калимасозии чанде аз онҳо хусусияти ифодаи маънии ҷомеъ низ дида мешавад. Сайри таърихӣ ва имконоти  вожасозии пасвандҳои -зор, -сор ва -лох дар заминаи манобеи муътамад ва маводи забонӣ нишон дода шудааст. Ба таври хулоса зикр шудааст, ки дар бунёди исмҳои ҷомеъ саҳми пасвандҳои мавриди назар ҳамсон набуда, дар ин самт унсури вожасози -лох нисбат ба пасвандҳои -зор ва -сор каммаҳсул ба шумор рафта, имрӯз дар забони адабии тоҷикӣ танҳо истифодаи исмҳои ҷомеи санглох ва реглох ба мушоҳида расид.

Калидвожаҳо

исмҳои ҷомеъ, пасвандҳои калимасоз, таркиби луғавӣ, усулҳои калимасозӣ, забони адабии тоҷикӣ, пасвандҳои -зор,-сор ва –лох, пасвандҳои каммаҳсул

Пайнавишт

1.    Айнӣ С. Ёддоштҳо. Қисми 1,2 / С.Айнӣ. –Душанбе: Адиб, 1990. –352 с.

2.    Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.Ҷ.1. Фонетика ва морфология. Душанбе: Дониш, 1985. –356 с.

3.    Ғаффоров  Р. Забон  ва услуби Раҳим Ҷалил /Р.Ғаффоров. –Душанбе: Дониш,1966. 226 с.

4.    Ғиёсуддин М. Ғиёс-ул-луғот (таҳияи матн бо пешгуфтор, мулҳақот, тавзеҳот ва феҳристи А.Нуров) /М.Ғиёсуддин. – Душанбе: Адиб, ҷ.1, 1987. –480 с.; ҷ.2, 1988. –416 с.

5.    Деҳхудо А. Луғатнома. Дар 16 ҷилд  / А.Деҳхудо. – Теҳрон: Муассисаи  интишорот ва чопи Донишгоҳи Теҳрон, 1377. –С. 1–23911.

6.    Касимов О.Х. Деривация в «Шахнаме»Абдулкасима Фирдавси/ О.Х.Касимов.–Душанбе, 2009. –185 с.

7.    Мирзоев К. Дарди ишқ. Повест ва ҳикояҳо / К.Мирзоев. –Душанбе: Ирфон, 1986.  –336 с.

8.    Ниёзӣ Ш. Исм ва сифат дар забони тоҷикӣ /Ш.Ниёзӣ. Сталинобод: АФССР, 1954. 50 с.

9.    Основы иранского языкознания. Новоиранские языки: западная группа, прикаспийские языки. –Москва: Наука, 1982. –572с.

10. Пейсиков Л.С. Очерки по словообразованию персидского языка / Л.С.Пейсиков. Москва: Изд. МГУ, 1972. 200 с.

11. Расторгуева В. С. Основы иранского языкознани. Среднеиранские языки /В.С.Расторгуева. – Москва: Наука, 1981. – 544 с.

12.Рауфов Х. «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» ҳамчун сарчашмаи лексикографияи  тоҷику форс /Х.Рауфов.  – Душанбе: Дониш, 1973. –192 с.

13. Рустамов Ш. Исм/ Ш.Рустамов. –Душанбе: Дониш, 1981. – 219 с.

14.Рустамов Ш. Калимасозии исм дар забони адабии ҳозираи тоҷик/ Ш.Рустамов.  –Душанбе: Дониш, 1972. –76 с.

15.Саймиддинов Д. Вожашиносии забони форсии миёна /Д.Саймиддинов.–Душанбе: Пайванд, 2001. – 310 с.

16. Султон М.Ҳ. Мушкилоти забони илм ва истилоҳот /М.Ҳ.Султон.– Душанбе: Дониш, 2015. –324 с.

17. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). –Душанбе: Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Рӯдакӣ, 2010 (нашри дувум). Ҷ.1. – 996 с.; ҷ.2. –1095 с.

18. Ҳасанзода А. Асолати забон ва маҳорати баён/ А.Ҳасанзода. –Хуҷанд:Ношир, 2018. –516с.

19.          Ҷалил Р. Одамони ҷовид/ Р. Ҷалил. Қисми 1. –Хуҷанд, 2005. –230с. қисми 2. –Хуҷанд, 2004. –252с.

20. Шанский Н.М. Очерки по русскому словообразованию и лексикологии/ Н.М.Шанский. –Москва: Просвещение, 1959. 245 с.

Таърихи нашр

Понедельник, 19 Январь 2026