Таҳлили муқоисавии сохтори синтаксисӣ ва тарзи ташкили ибораҳои феълӣ дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ сурат гирифааст. Дар маркази таваҷҷуҳ ибора ҳамчун воҳиди номинативии ғайрипредикативии синтаксис қарор дорад, ки аз асос (ядро) ва аъзои вобаста (адъюнкт) иборат буда, муносибатҳои маъноӣ ва грамматикии байни ҷузъҳоро инъикос менамояд. Таваҷҷуҳи махсус ба ибораҳои феълӣ бо феълҳои объектӣ, инчунин ба таҳлили воситаҳои ифодаи муносибатҳои объектӣ ва адвербиалӣ дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ равона шудааст. Тафовутҳо дар ҳамнишинии феълҳо, нақши пешояндҳо ва пасояндҳо, тартиби калимаҳо ва воситаҳои аналитикӣ, ки бо хусусиятҳои типологии забонҳо муайян мегарданд, баррасӣ шудаанд. Дар асоси маводи фаровони фактологӣ нишон дода мешавад, ки воситаҳои шаклан якхела метавонанд муносибатҳои маъноии гуногунро ифода намоянд, ҳамчунин ихтилофҳо дар хусусиятҳои феълҳои гузаранда ва объектӣ ошкор карда шудаанд. Хулоса шудааст, ки ба ибораҳои феълӣ дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ гуногунии назарраси сохторӣ-маъноӣ хос аст ва навъҳои асосии муносибатҳои синтаксисӣ байни ядро ва адъюнкт муносибатҳои объектӣ ва адвербиалӣ мебошанд.
ибораҳо, ибораҳои феълӣ, таҳлили муқоисавӣ, феълҳои гузаранда, феълҳои объектӣ, муносибатҳои синтаксисӣ, муносибатҳои объектӣ, муносибатҳои ҳолӣ, ҳамбастагии феъл
1. Аксененко, Б.Н. Предлоги английского языка / Б.Н. Аксененко. – Москва: Изд. литературы на иностранных языках, 1956. – 320 с.
2. Бархударов, Л.С. Грамматика английского языка / Л.С. Бархударов, Д.А. Штелинг. – Москва: Либроком, 2009. – 160 с.
3. Виноградов, В.В. Вопросы изучения словосочетания / В.В. Виноградов // Вопросы языкознания. – 1954. - №3. – С.3 – 24.
4. Виноградов, В.В. Русский язык (грамматическое учение о слове). Изд.
4 – е / В.В. Виноградов. – Москва, 2001. – 720 с.
5. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик, ҷилди II. – Душанбе: Дониш, 1986. – 372 с.
6. Забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 1.–Душанбе: Ирфон, 1973. – 452 с.
7. Мирзоев, А. Ибораҳои феълии замонӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷик / А. Мирзоев. – Душанбе: Дониш, 1972. – 163 с.
8. Усмонов, К. Грамматикаи муқоисавии звбонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. / К. Усмонов. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2017. – 430 с.
9. Ходжаева, С.О. Адвербиальные, атрибутивные и объектные глагольные словосочетания в разносистемных языках / С.О. Ходжаева. – Душанбе, 2015. – 261 с.
10.Ganshina, M.A. English grammar / M.V. Vasilevskaya. - M.: Higher school. Publishing House, 1964. – 544 p.
11.Айнӣ, С. Куллиёт. Ҷилди 6. Ёддоштҳо. Қисми 1 ва 2. –Душанбе: Нашрдавтоҷ, 1962. -414 с.
12.AbrahamsP. The Path of thunder. -M.: Foreign Lang-s Publishing House, 1954. p. 295.