0.0/5 овоз (0 овозҳо)

“БАҲОРИ АҶАМ” – САРЧАШМАИ МУҲИММИ ШИНОХТИ РЕШАИ ВОЖАҲО

Муаллиф (он)

Ҳасанзода А.А.

Чакидаи мақола

Шарҳи решашиносии унсурҳои луғавӣ дар фарҳангномаи асримиёнагии “Баҳори Аҷам”-и Рой Текчанд Баҳор баррасӣ шудааст. Дар заминаи маводи аз се ҷилди фарҳангномаи зикрёфта гирдомада андешаронии муаллифи “Баҳори Аҷам”-ро дар мавриди асли баромади вожаву ифодаҳои алоҳида баррасӣ намуда, дараҷаи мутобиқати онро бо назари муҳаққиқони муосир ошкор карда шудааст. Зикр гардидааст, ки Рой Текчанд Баҳор дар ҷараёни таҳлили мавод гоҳ ба таърихи зуҳури вожаҳо, гоҳ ба мансубияти забонии онҳо ва гоҳи дигар танҳо ба таҳаввулоти шаклияшон таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Таькид гардидааст, ки дар қиёс бо дигар фарҳангҳои тафсирии дар шибҳи қораи Ҳинд таълифёфта дар “Баҳори Аҷам” бештар калимаҳои ҳиндиасл оварда шудааст. Хулоса шудааст, ки дар “Баҳори Аҷам” ба этимологияи вожаву ибораҳои рехта диққати махсус додааст. Рой Текчанд Баҳор дар бораи дар заминаи ҳодисаю воқеаҳои реалӣ  пайдо шудани воҳидҳои фразеологӣ андешаҳои хеле ҷолиб баён кардааст.

Калидвожаҳо

забоншиносӣ, фарҳангномаҳои қуруни вусто, Рой Текчанд Баҳор, “Баҳори Аҷам”, мансубияти забонии калимаҳо, воҳидҳои фразеологӣ, калимаҳои ҳиндӣ

Пайнавишт

1.    Абаев В.И. Из истории слов. // Вопросы языкознания. -Москва: Издательство АН СССР.- 1958. - № 1. –С. 117-121.

2.    Абаев В.И. Из истории слов // Вопросы языкознания. -Москва: Издательство АН СССР.- 1958. - № 2. –С. 113-115.

3.    Боголюбов М.Н. Персидское слова с xaroи karoи рыба kara в Авесте // Классики отечественного востоковедения/ М.Н. Боголюбов. Труды по иранскому языкознанию. Избранное. –Москва: Издательская фирма «Восточная литература», 2012. -С.74-75.

4.    Виноградов В.В. Из истории слов // Вопросы языкознания. -Москва: Издательство АН СССР. – 1989. - № 4.-С.99-110.

5.    Воҳидов А.Фарҳангнигории форсӣ-тоҷикӣ дар асрҳои X-XIX. –Самарқанд: СамДУ босмахоначи. 2018. -142 с.

6.    Деҳхудо А. Луғатнома. Ҷилди 5. –С.6171-7722; ҷилди 10. –С.13931- 15482; ҷилди 12. –С.  15483 – 17034. –Теҳрон: Муассисаи интишорот ва чопи Донишгоҳи Теҳрон, 1373.

7.    Забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 1. Лексикология, фонетика, морфология. Китоби дарсӣ барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ. –Душанбе: Маориф, 1982. -462 с.

8.    Лоло Текчанд Баҳор. Баҳори Аҷам. Фарҳанги луғот, таркибот, киноёт ва амсоли форсӣ. Тасҳеҳи дуктур Козими Дизфулиён. Ҷилди аввал. –С.5-710; ҷилди дувум. –С. 711-1468; ҷилди севум. –С.1469-2180. Чопи аввал. -Теҳрон: Майдони инқилоб, 1380.

9.    Маҷидов Ҳ. Сеҳри сухани форсии тоҷикӣ. –Душанбе: Дақиқӣ. 2014. -351с.

10.Саймиддинов Д. Вожашиносии забони форсии миёна. - Душанбе, 2001. -310 с.

11.Сангинов А. Фарҳанги  “Баҳори Аҷам” ва характеристикаи лексикографии он. диссертатсияи номзадӣ. - Душанбе, 1973. - 259с.

12.Татаринцев Б.И. Заимствования или исконная лексика? (К проблеме древних слов иноязычного происхождения в тюркских языках) (Окончание) // Вопросы языкознания. -Москва: Наука. – 1993. - № 2.-С.83-95.

13.Топоров В.Н. О некоторых теоретических основаниях этимологического анализа // Вопросы языкознания. -Москва: Издательство АН СССР. – 1960. - № 3. –С.44-59.

14. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Дар зери таҳрири М. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ. Ҷилди 2. -М.: Советская энсиклопедия, 1969. -952 с.

15. Ҳасандӯст М. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Ҷилди 2. - Теҳрон, 1384. -1410 с.

16.Ҳошимов С. Луғатнигорӣ. –Душанбе: Маориф ва фарҳанг. 2004. -79 с.

Таърихи нашр

Пятница, 03 Апрель 2026

Индексатсияи маҷалла

Дӯстони мо

Воридшави ба сомона

8224198
Имрӯз
Рӯзи гузашта
Ҳафтаи ҷорӣ
Ҳафтаи гузашта
Моҳи ҷорӣ
Моҳи гузашта
Ҳама рӯз
1219
3098
15438
20570
46188
92303
8224198

Прогноз Сегодня
28488


IP-и Шумо216.73.216.120