0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Фарҳангнигории арабу аҷам: Кадомӣ муассир ва кадомӣ муассар?

Муаллиф (он)

Ғиёсов Нурулло Исматович

Чакидаи мақола

Дар мақола бори аввал дар назарияи лексикографияи тоҷикӣ масъалаи таъсир-расонии фарҳангнигории форсӣ-тоҷикӣ  ва арабӣ дар қуруни вусто ба якдигар баррасӣ шуда, се усули тадвини фарҳангҳои тафсирии арабӣ ва мақоми муаллифони ин усулҳо ҳам дар фарҳангнигории арабӣ ва ҳам форсӣ-тоҷикӣ таҳлилу таҳқиқ шудааст. Муаллиф исбот мекунад, ки дар саргаҳи ташаккул ва рушди минбаъдаи лексикографияи арабӣ намояндагони Эрон меистанд, ки тамоми дастовардҳои забоншиносии форсӣ-тоҷикиро бо унсурҳои ҳиндӣ ва юнониаш ба забоншиносии арабии навташкил интиқол доданд, зеро мақоми забони арабӣ дар он давра дар ин минтақа ба ҳамон мақоме буд, ки лотинӣ баъдтар дар Аврупо онро касб намуд. Зарурати тадвини фарҳангҳои тафсирии арабӣ бештар аз зарурати тадвини фарҳангҳои тафсирии забони тоҷикӣ буд. Бино бар ин, маҳз олимони эронӣ ва дар Мовароуннаҳру Хуросон ба коркарди усулҳои гуногун ва тадвини фарҳангҳои тафсирии мухталифи арабӣ қиём намуданд. Муаллиф пешниҳод мекунад, ки таърихи фарҳангнигории форсӣ-тоҷикиро на аз нахустфарҳангҳои тафсирии форсӣ-тоҷикӣ, ба мисли фарҳанги Абӯҳафси Суғдӣ, Қатрони Табрезӣ ё Асадии Тӯсӣ, балки аз “Китоб-ул-айн”-и Халил ибни Аҳмади Фароҳидӣ оғоз намуда шавад ва фарҳангнигории арабиву форсӣ-тоҷикӣ аз қарнҳои VIII то  XIII  муштарак дониста шавад.

Калидвожаҳо

фарҳангнигорӣ, фарҳангнигории арабӣ,фарҳангнигории форсӣ-тоҷикӣ, “Сиҳоҳ-ул-арабийя”-и Ҷавҳарӣ, “Сиҳоҳ-ул-фурс”-и Нахҷувонӣ, робитаҳои забонии АрабуАҷам, таърихи фарҳангнигории арабӣ ва форсӣ-тоҷикӣ, таъсири мутақо-билаи забоншиносии арабӣ ва эронӣ

Пайнавишт

1.Абӯали ибни Сино. Осори мунтахаб. Ҷ.1. - Душанбе: Ирфон, 1981. – 477 с.

2.Бартольд В.В. Сочинения.Т. VII. – М.: Главная ред. вост. лит-ры, 1966. – 664 с. 

3.Белкин В.М. Арабская лексикология. – М.: МГУ, 1975. – 200 с.

4.Доиратулмаорифи бузурги исломӣ. Ҷ.4. – Теҳрон: Маркази доиратул-маорифи бузурги исломӣ, 1367. – 728 с.

5.Доъиюлислом, Саид Муҳаммадалӣ. Фарҳанги Низом. Ҷ.5. – Теҳрон: До-ниш, 1362. – 564 с.

6.Ёқут Ҳамавӣ. Муъҷам-ул-булдон. Ҷ. IV.- Байрут: Дор Содир, 1977. – 501 с.

7.Зарине-заде Г. Сравнение «Сихах ал-арабиййа» и «Сихах ал-фурс»./Семитские языки. Вып.2 (ч.2).-М.: Наука, 1965. – С.557-567.

8. Звегинцев В.А. История арабского языкознания. – М.: Наука, 1965. – 80 с.

9. Зоҳидов Н. Насри арабизабони адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои XIII-IX. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2004. – 402 с.

10. Ибни Надим. Китоб-ул-фиҳрист. Тарҷума ва таҳқиқи Муҳаммадризо Таҷаддуд. –Теҳрон: Амири Кабир, 1366. – 814 с.

11.Инҷуи Шерозӣ. Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ. Виростаи Раҳим Афифӣ. – Машҳад: Интишороти Донишгоҳи Машҳад, 1351. Дар 2 ҷилд. – 2657 с.

12. Ле Стренҷ. Ҷуғрофиёи таърихии сарзаминҳои хилофати шарқӣ. – Теҳрон: Ширкати интишороти илмиву фарҳангӣ, 1967. – 610 с.

13. Луғатномаи Деҳхудо. Муқаддима. – Теҳрон: Донишгоҳи Теҳрон, 1377. - 571 с. 

14. Мардони Т. Слово об Абуали ибни Сина. Исследования и переводы. - Дониш, 2018. – 376 с.

15. Нахҷувонӣ, Муҳаммад ибни Ҳиндушоҳ. Сиҳоҳ-ул-фурс. Ба эхтимоми д-р А. Тоатӣ. – Теҳрон: Бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб, 2535 шоҳаншоҳӣ. – 344 с. 

16.  Турсунов А. Эҳёи Аҷам. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 208 с.

17. Эмил Бадеъ Яъқуб. ал-Муъҷам-ул-муфассал фӣ-л-луғавиййини-л-араб. Ҷ.1. – Байрут: Дор ал-кутуб ал-илмиййа, 1997. – 519 с. 

Таърихи нашр

Четверг, 14 Ноябрь 2019

Индексатсияи маҷалла

Дӯстони мо

Воридшави ба сомона

5587452
Имрӯз
Рӯзи гузашта
Ҳафтаи ҷорӣ
Ҳафтаи гузашта
Моҳи ҷорӣ
Моҳи гузашта
Ҳама рӯз
2540
2234
4774
15712
13916
68896
5587452

Прогноз Сегодня
14856


IP-и Шумо3.15.147.215