Ташаккул ва таҳаввули хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) дар Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамчун яке аз ниҳодҳои калидии табдили аграрӣ дар давраи пасошуравӣ баррасӣ мешавад. Дар асоси таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, маълумоти оморӣ ва нашрияҳои илмии ватанӣ марҳилаҳои асосии рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ аз аввали солҳои 1990 то имрӯз пайгирӣ шудааст. Ба заминаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва институтсионалии гузариш аз низоми колхозию совхозӣ ба хоҷагии деҳқонӣ ба модели бисёрсохтории кишоварзӣ, ки дар он хоҷагиҳои деҳқонӣ бартарӣ пайдо кардаанд, таваҷҷуҳи махсус дода шудааст. Марҳилаҳои калидии рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки бо тағйирот дар тарзҳои истифодаи замин, табдили муносибатҳои истеҳсолӣ ва таҳаввули сиёсати кишоварзии давлатӣ тавсиф мешаванд, муайян карда шудаанд. Таъсири ислоҳоти замин, равандҳои хусусигардонӣ ва чораҳои дастгирии давлатӣ ба афзоиши миқдорӣ ва сифатии хоҷагиҳои деҳқонӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Нишон дода шудааст, ки сарфи назар аз маҳдудиятҳои институтсионалӣ ва захиравӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ асоси амнияти озуқавории кишвар ва омили муҳимми шуғли аҳолӣ дар деҳот гардидаанд. Хулоса шудааст, ки ташаккул ва рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар давраи соҳибихтиёрӣ унсурҳои тарзи анъанавии зиндагии деҳотро бо механизмҳои иқтисодии бозорӣ муттаҳид кардааст. Зарурати равиши маҷмуии таърихӣ ва иқтисодӣ ба омӯзиши ин масъала асоснок карда шудааст, ки имкон медиҳад тамоюлҳои устувор ва хусусиятҳои хоси рушди кишоварзии Тоҷикистон дар замони истиқлол муайян карда шаванд.
Тоҷикистони соҳибихтиёр; хоҷагии деҳқонӣ(фермерӣ); трасформатсияи кишоварзӣ; раванди трансформатсионӣ; иқтисоди бозорӣ; ислоҳоти замин; тағйирёбии шаклҳои истифодаи замин
1. Абдуалимов А. Земля и её использование в Таджикистане / А. Абдуалимов // Вестник Таджикского аграрного университета. – Душанбе, 1998. - №4 – С.-21-27.
2. Азия-Плюс. 9 ноября 2006 г.
3. Барномаи рушди ичтимоию иктисодии вилояти Хатлон дар давраи то соли 2015. – Душанбе, 2005. – 113 с.
4. Барномаи рушди ичтимоию иктисодии вилояти Сугд дар давраи то соли 2015. – Душанбе, 2005. – 116 с.
5. Замини мукаддаси Ватан / Издание Комитета по земельному управлению и геодезии Таджикистана. –Худжанд: Хуросон, 2016. – 214 с.
6. История таджикского народа. Т.6. – Душанбе, 2013. – 687 с.
7. Минбари халк. 24 октября 2013 г.
8. Программа реформирования сельского хозяйства Таджикистана до 2020 г. – Душанбе, 2012. – 84 с.
9. Постановление Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 18 марта 2009 года, № 1269/ Сайт «Адлия» Министерства юстиции РТ (дата обращения:12.03.2017).
10.Постановление Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 18 мая 2009 года №646/ Сайт «Адлия» Министерства юстиции РТ (дата обращения: 12.03.2017).
11.Свод законов и другие нормативно-правовые акты о земле. – Душанбе, 2014. – 421 с.
12.Основные показатели сельского хозяйства в Республике Таджикистан / Статистический сборник. – Душанбе, 2016. – 432 с.
13.Стратегия развития аграрного сектора экономики Таджикистана / Текущий архив ЦСИ при Президенте РТ. Отчеты. – Душанбе, 1996. 38.
14.Стратегия обеспечения продовольственной безопасности Республики Таджикистан / Текущий архив ЦСИ РТ. Отчет за 2004 г. – Душанбе, 2005. – 36-37.
15.Фарвардин. Июнь 2015 г.
16.Хамидов Ф.М. Аграрные преобразования в Таджикистане в 20-е годы ХХ века: диссертация доктора исторических наук... / Институт истории, археологии и этнографии им. А Дониша АНРТ. Душанбе, 2011. – 293 с.
17.Ҷумҳурият. 12 декабрисоли 2006.
18.Шарипов А.Ф. Дехканину быть с землей / А.Ф. Шарипов // Вестник Таджикского аграрного университета. - Душанбе, 1997. - № 1. - С.47-54.
19.Шарипов А.Ф. Проблемы радикальных преобразований/ А.Ф. Шарипов // Вестник Таджикского аграрного университета. – Душанбе, 1998. - № 2. - С.84-96.