Масъалаи татбиқ ва риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар барномаҳои телевизионҳои маҳаллӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Зикр шудааст, ки рушди босуръат ва сифатан нави телевизиони тоҷик, бахусус телевизионҳои хусусӣ дар давраи истиқлоли давлатӣ, зарурати таҳияи барномаҳо дар заминаи меъёрҳои этикаи касбии журналистӣ, стандартҳои байналмилалии журналистӣ ва масъулияти иҷтимоиро тақозо менамояд. Таъкид мешавад, ки телевизион ҳамчун ниҳоди муҳимми иҷтимоӣ бояд бо пешниҳоди иттилои сареҳ, дақиқ ва муътамад дар ташаккули ҷаҳонбинии солим ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа саҳм гузорад. Зикр гардидааст, ки дар ҳолатҳои ҷудогона дар барномаҳои ширкатҳои телевизионии “ТВ Суғд”, ШТР “Азия”, “СМ-1”, “Танин” ва “ТВ Диёр” вайрон кардани ҷиддии этикаи касбӣ, аз ҷумла муфассалан тасвир кардани ҷузъиёти ҳодисаҳои фоҷеанок, риоя накардани эҳтимолияти бегуноҳӣ ва ғайра ба назар мерасанд. Хулоса мегардад, ки инъикоси объективонаи воқеият танҳо дар сурати риояи меъёрҳои ахлоқии журналистӣ ва тавозуни миёни озодии эҷодӣ, масъулияти касбӣ ва манфиатҳои ҷамъиятӣ имконпазир мебошад.
журналистикаи телевизионӣ; меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ; этикаи касбии журналист; телевизионҳои маҳаллӣ; масъулияти иҷтимоӣ; воситаҳои ахбори омма; принсипи беғаразӣ; ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ
1. Бобоҷонова М.С. Этикаи касбии журналист (Дастури таълимӣ-методӣ). – Душанбе: ҶДММ “Меҳроҷ-граф”, 2024. – 176 с.
2. Бобоҷонова, Р. М., Бобоҷонова, М.С. Системаи воситаи ахбори омма ва таблиғ / Р.М. Бобоҷонова, М.С. Бобоҷонова – Худжанд: Нури маърифат, 2020. – 168 с.
3. Васоити лектронии ахбор ва армонҳои миллӣ (маҷмуаи маҷолаҳо).- Душанбе:Баҳманрӯд, 2015. - 158 с.
4. Муъминҷонов, З. Жанрҳои таҳлилии телевизион. – Душанбе: ҶДММ “Вектор Принт”, 2012. – 66 с.
САРЧАШМА:
5. Ахбор. – “ТВ Суғд”, 2014. – 3 сентябр.
6. Миллитсия хабар медиҳад. – ШТР “СМ-1”, 2014. – 23 декабр.
7. Навид. – ШТР “Азия” ,2014. – 2 декабр.
8. Филми «Чаманоро». – ТВ “Диёр”, 2014. – май - август.
9. Хабар. – ШТР “СМ-1”, 2014. – 30 март.
10.Хабар. – ШТР “СМ-1”,2014. – 31ноябр.