0.0/5 овоз (0 овозҳо)

МАВҚЕИ ИСМ ДАР БАЙНИ ДИГАР ҲИССАҲОИ НУТҚ ДАР ЗАБОНҲОИ ШУҒНОНӢ, ТОҶИКӢ ВА АНГЛИСӢ

Муаллиф (он)

Иматшоева М.Б.

Чакидаи мақола

Таҳлили муқоисавии мақоми грамматикии исм дар забонҳои шуғнонӣ, тоҷикӣ ва англисӣ сурат гирифтааст. Хусусиятхои морфологию синтаксисии исм, нақши он дар системаи ҳиссахои нутқ, инчунин сарҳадди байни исм ва дигар ҳиссаҳои муҳимми нутқ — феъл, сифат ва ҷонишин баррасӣ карда мешаванд. Ба фарқҳои типологии забонҳои шуғнонӣ, тоҷикӣ ва англисӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Зикр шудааст, ки таснифи ҳиссахои нутқ пеш аз хама, ба маънои луғавӣ ва грамматикии калимаҳо асос ёфтааст, ки дар таърифҳои худи ҳиссаҳои нутқ ифода меёбад: исм предметро ифода мекунад, феъл амал ё ҳолатро ифода мекунад, зарф амал ё хусусияти дигарро ифода мекунад. Ин хусусиятҳои маъноӣ ва грамматикӣ ҳамчун меъёри асосии тафриқаи ҳиссаҳои нутқ хизмат мекунанд ва барои таҳлили системаи грамматикии забонҳои мавриди муқоиса бунёдӣ маҳсуб мегарданд. Исм дар забонҳои шуғнонӣ, тоҷикӣ ва англисӣ дар системаи ҳиссаҳои нутқ мавқеи асосиро ишғол намуда, ҳамчун ядрои конструксияҳои синтаксисӣ баромад мекунад. Вазифаҳои грамматикии он асосан аз рӯи категорияҳои морфологӣ, аз қабили ҷинс, шумора ва падеж муайян карда мешаванд, ки сарфи назар аз фарқҳои типологии байни забонҳо вазифаҳои синтаксисиро иҷро мекунанд.

Калидвожаҳо

исм; ҳиссаҳои нутқ; маънои лексикӣ-грамматикӣ; сифат; феъл; зарф; забони шуғнонӣ; забони тоҷикӣ; забони англисӣ

Пайнавишт

1.    Аламшоев М.М., Аламшоев Ш.М., Карамшоев Д. Хуɣнẙни зив грамматика / М. Аламшоев. Дарс китоб. – ВМКБ, 2019. – 253 с.

2.    Бахтибеков Т. Грамматикаи забони шуғнонӣ / Т. Бахтибеков. – Душанбе, 1976. – 78 с.

3.          Виноградов В.В. Русский язык. (Грамматическое учение о слове) / В.В. Виноградов.  – Москва, 1947. – 783 с.

4.    Зарубин И.И. Шугнанские тексты и словарь / И. Зарубин. – Москва; Ленинград: Издательство Академии наук СССР, 1960. – 387 с.

5.    Исмаилова Х. Э. К вопросу изучения категории падежа имен существительных при обучении русскому языку студентов-таджиков //Вестник РУДН. Серия: Вопросы образования: языки и специальность. – 2013. - № 3. – С. 104-108.

6.    Комянова Т. Г. Грамматика английского языка / Т. Комянова. – Москва, 2016. – 765 с. 

7.    Ниёзӣ, Ш. Н. Исм ва сифат дар забони тоҷикӣ / Ш.Н. Ниёзӣ. –
Сталинобод, 1954. – 54 с.

8.     Расторгуева В.С.  Среднеперсидский язык / В.С.  Расторгуева. – Москва, 1966. – 159 с.

9.    Рустамов, Ш. Исм / Ш. Рустамов. – Душанбе: Дониш, 1981. – 220 с.

10. Стеблин – Каменский М. И. К вопросу о частях речи // Вестник ЛГУ. Серия общественных наук. – 1954. – Вып. 2. - № 6. – с. 23-28.

11.Шахматов А.А. Синтаксис русского языка / А.А. Шахматов. – Ленинград, 1941. – 392 с.

Таърихи нашр

Суббота, 04 Апрель 2026

Индексатсияи маҷалла

Дӯстони мо

Воридшави ба сомона

8221990
Имрӯз
Рӯзи гузашта
Ҳафтаи ҷорӣ
Ҳафтаи гузашта
Моҳи ҷорӣ
Моҳи гузашта
Ҳама рӯз
2109
3383
13230
20570
43980
92303
8221990

Прогноз Сегодня
4128


IP-и Шумо216.73.216.3