Мақола яке аз аввалин таҳлилҳо роҷеъ ба пайравии шоирони Бадахшон аз эҷодиёти Ҳофизи Шерозӣ дар эҷодиёташон аст. Мисоли равшани он эҷодиёти яке шоирони асри 19 Бадахшон Саидҷаъфар мебошад. Саидҷаъфар асосан дар жанри ғазал эҷод намуда, ба шоирони соҳибдевони Бадахшон тааллуқ дорад. Сараввал муаллиф дар бораи сабабҳои маъруфият ва оммавӣ будани эҷодиёти Ҳофиз байни аҳолии Бадахшони Кўҳӣ сухан ронда, сониян ба таҳлили таъсири тарзи эҷоди Ҳофиз ба мазмун ва шакли ашъори Саидҷаъфар мепардозад. Бояд қайд намуд, ки дар мақола масъалаи пайравии Саидҷаъфар на танҳо аз рўи талаботи эҷоди осори манзум ва санъатҳои бадеӣ – вазн, қофия, радиф, балки пайравии ў аз рўи шакл ва мазмун низ нишон дода шудааст. Ин гуна нуқтаи назар ва чунин роҳу равиши таҳлил барои муайян намудани сабки эҷоди шоирони алоҳидаи доираи адабии Бадахшон такон мешавад, ки дар навбати худ маводи пуррае барои омўзиши таърих ва назарияи адабиёти тоҷикӣ ба ҳисоб меравад.
Муаллиф дар мақола аз рўи ду намуд усули асосии таҳлили осори адабӣ – усули таҳлили муқоисавӣ ва усули таҳқиқи осори манзум истифода бурдааст.
Муаллиф дар мақола масъалаи таъсирпазирии шоирони ҳавзаҳои форсисарои Бадахшон аз Ҳофизи Шерозиро васеъ нишон дода, таъсири дигар намояндагони адабиёти форсӣ-тоҷикиро ба доираи адабии Бадахшон ва эҷодиёти шоирони алоҳида низ таҳлил намудааст.
сабки эҷод, пайравии анъанаҳо, таъсири эҷод, ғазал, вазн, қофия, радиф, тазмин, шакл ва мазмуни шеър, Ҳофизи Шерозӣ, Саидҷаъфар, доираи адабии Бадахшон, Бадахшони Тоҷикистон
1. Абибов, А. Аз таърихи адабиёти тоҷик дар Бадахшон \ А.Абибов. - Душанбе: Дониш, 1971. – 196 с.
2. Бакоев, М. В поисках восточных рукописей \ М.Бакоев // Народы Азии и Африки, №3, 1962. – С. 237-238.
3. Бертельс, А., Бакоев М. Алфавитний каталог рукописей, обноруженних в ГБАО экспедицией 1959-1963 гг. \ А.Бертельс, М.Бакоев. -М.: Наука, 1967. – 195 с.
4. Куллиёти Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ. Таҳти назари Муҳаммад Борӣ. -Теҳрон, 1379. – 356 с.
5. Нусхаи фотокопияи Девони Саидҷаъфар. Фонди дастхатҳои Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии АИ ҶТ, таҳти шумораи 3336.
6. Нусхаи Девони Саидҷаъфар. Фонди забонҳои бадахшонӣ ва дастнависҳои Пажўҳишгоҳи илмҳои инсонии ба номи Б.Искандарови АИ ҶТ.
7. Охониёзов, В.Д. Пайдоиш ва ташаккули шеъри муаллифӣ ба забонҳои помирӣ (дар мисоли гурўҳи забонҳои шуғнонӣ-рўшонӣ) \ В.Д.Охониёзов. Рисолаи номзадӣ дар шакли дастхат, Душанбе, 1997. – 154 C.
8. Сатторзода, А. Кўҳна ва нав, Душанбе, 1384. – 254 с.
9. Фарҳанги Муин. Таълифи доктор Муҳаммад Муин, чопи 8. - Теҳрон, 1385. – 1339 с.
10. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. -Душанбе, қисми 2, 2008. – 944 с.
11. Шакармамадов Н. Назми халқии Бадахшон. -Душанбе: Ирфон, 1975. – 126 с