Дар мақола таркибҳои пешояндию пасояндӣ дар забонҳоишуғнонӣ ва немисӣ, ки бо пешояндҳои темпоралӣ ифода ёфтаанд, баррасӣ гардидааст. Пешояндҳои темпоралии ҳам забони немисӣ ва ҳам шуғнонӣ ба чор зергурўҳ ҷудо мешаванд. Ҳангоми тавсифи ҳар зергурўҳ идомат ва ҳудуди замоне ба назар гирифта шудааст, ки фактҳои дар ҷумла омада ба он тааллуқ доранд. Ҳамчунин ҳодисаҳои алло- ва изоморфизм (мувофиқат ва фарқ) дар истифодаи пешояндҳо дар забонҳои мавриди муқоиса ошкор карда шудаанд. Пешояндҳои ибтидоӣ ё аввалия дар забони шуғнонӣ дар таркибҳои пешояндӣ ва пасояндӣ вазифаҳои васеъро иҷро мекунад. Дар забони немисӣ барои амалӣ гардонидани консептҳои замонӣ дар баробари пешояндҳо воҳидҳои мухталифи мустақили забонӣ иштирок мекунанд.
забону лаҳҷаҳои помирӣ, забони немисӣ, забони шуғнонӣ, пешояндҳои темпоралӣ, идомати давраи замон, худуди замон, ҳоли замон
1. Arseneva. M.G. Die Grammatik der deutchen sprache. - M., 1968. 276 Seiten.
2. Бахтибеков Т.К. Грамматика шугнанского языка. - Душанбе: Ирфон, 1979. -185 с.
3.Der Große Duden. Grammatik der deutschen Gegenwarts sprache. Bibliographisches Institut –Mannheim, Dudenverlag, 1966, 774 Seiten.
4.Зарубин И. И. Бартангские и рушанские тексты и словарь. - Л.,1937. - 346 с.
5.Камалова А.Р. Первичные предлоги таджикского языка и их функциональные эквиваленты в английском языке: aвтореф. дис. к. филол. наук. - М., 1971. - С. 26.
6.Карамшоев Д. Баджувский диалект. – Душанбе: Изд-во АН ТаджССР, 1963.
7. Курбанов Х. Рошорвский язык. - Душанбе: Дониш, 1976. - 290 с.
8.Morgensterne G. Etymological vocabulary of the Shugni group. Wiesbaben, 1974.
9.Розенталь Д. Э., Голуб И. Б., Теленкова М. А. Современный русский язык. - М., 2008. - 434 с.
10. Соколова В.С., Грюнберг А.Л. История изучения бесписьменных иранских языков. - М., 1962. - С. 118-132.
11.Соколова В.С. Шугнано-рушанская языковая группа/ Языки народов СССР. Индоевропейские языки. - М., 1966. - С. 326-397.
12.Ярцева В.И. Принципы типологического исследования родственных и неродственных языков /Х Международный конгресс лингвистов. - М.,1967. - 204 с.