5.0/5 овоз (1 овозҳо)

Мақоми калимаҳои ҳиндӣ дар ташаккули композитҳои навъи Татпуруша дар назми Бедил

Муаллиф (он)

Олимҷонов Мўсо Обидович

Чакидаи мақола

Мақолаи мазкур ба таҳқиқи мақоми калимаҳои иқтибосии ҳиндӣ дар ташаккули композитҳои навъи татпуруша ихтисос дорад. Аҳли таҳқиқ бар ин боваранд, ки забон чун ҳодисаи иҷтимоӣ ҳамеша дар ҳолати таҳаввулот қарор дорад. Ин аст, ки ба забони тоҷикӣ аз забонҳои гуногуни олам калимаҳои зиёд иқтибос шудаанд. Мирзо Бедил, ки дар сарзамини Ҳинд эҷод мекард, аз корбурди калимаҳои ҳиндӣ гурез карда наметавонист. Ин аст, ки калимаҳои иқтибосии ҳиндӣ дар ташаккули композитҳои навъи татпуруша низ иштирок намудаанд. Дар натиҷаи омўзиши маводи гирдоварда муаллиф ба бардоште мерасад, ки татпурушаҳои бо калимаҳои ҳиндӣ ташаккулёфтаро ба ду даста ҷудо намудан мумкин аст: 1) композитҳои навъи «калимаи ҳиндӣ+калимаи тоҷикӣ»; 2) композитҳои навъи «калимаи тоҷикӣ+калимаи ҳиндӣ». Муоинаи маводи ин ду дастаи композитҳо муаллифро ба бардоште расонидааст, ки дар қолаби аввал калимаҳои мураккаб бештар ташаккул ёфтаанд, вале қолаби дувум каммаҳсул аст.

Калидвожаҳо

иқтибосот, таркиби луғавӣ, калимаҳои ҳиндӣ, Бедил, композит, татпуруша, компонент, қолаб

Пайнавишт

1.  Баҳор, М. Сабкшиносӣ ё таърихи татаввури насри форсӣ. Ҷ.1-3. / М.Баҳор. -Теҳрон: Амири Кабир, 1373. Ҷ.1. -467с.; Ҷ.2. -432с.; Ҷ.3. -448с.

2.  Бедил, Абдулқодир. Осор. Ҷ.6. Ирфон (маснавӣ). Бо саъю кўшиш ва муқаддимаву тавзеҳоти Бобобек Азизмуродзода Раҳимӣ. / Абдулқодири Бедил. -Душанбе: Адиб, 2005. -1052с.

3.  Бедили Деҳлавӣ. Куллиёт. Ҷ.1-4. Тасҳеҳи Холмуҳаммади Хаста, Халилуллоҳи Халилӣ. Ба кўшиши Баҳман Халифа Баноравонӣ. / Бедили Деҳлавӣ. -Теҳрон: Талоя, 1389. Ҷ.1 (бахши аввал). Ғазалиёт. -798с.; Ҷ.1 (бахши дувум). Ғазалиёт. -1600с.; Ҷ.2. Таркиббанд; Тарҷеъбанд; Қасоид; Қитъаот; Рубоиёт -650с.; Ҷ.3. Маснавиҳо. -812с.; Ҷ.4. Чаҳор унсур; Руқаот; Нукот. -582с.

4.  Ғиёсуддин, М. Ғиёс-ул-луғот. Иборат аз 3 ҷилд. Таҳияи матн бо пешгуфтор, мулҳақот, тавзеҳот ва феҳристи А.Нуров. / М.Ғиёсуддин. -Душанбе: Адиб, 1987-1989. Ҷ.1. -480с.; Ҷ.2. -416с.; Ҷ.3. -304с.

5.  Деҳхудо, А. Фарҳанги мутавассити Деҳхудо. Дар ду муҷаллад (зери назари дуктур Саъидҷаъфари Шаҳидӣ). / А.Деҳхудо. -Теҳрон: Муассисаи интишорот ва чопи Донишгоҳи Теҳрон, 1385. Ҷ.1-2. -3224с.

6.  Капранов, В.А. Таджикско-персидская лексикография в Индии ХVI-Х1Х вв. / В.А.Капранов. -Душанбе: Дониш, 1987. -225с.

7.  Капранов, В.А. Язык фарси в Индии и его отношение к таджикскому языку. / В.А.Капранов. // Масъалаҳои забоншиносӣ. -Душанбе: Дониш, 1983. -С.22-38.

8.  Одина, М. Шарҳи бисту як ғазали Бедил. / М.Одина. -Душанбе, 2007. -160с.

9.  Пейсиков, Л.С. Лексикология современного персидского языка. / Л.С.Пейсиков. -М.: Изд-во Московского ун-та, 1975. -203с.

10.         Раҳмон, Э. Забони миллат - ҳастии миллат. / Э.Раҳмон. -Душанбе: Эр-граф, 2016. -516с.

11.         Фарҳанги забони тоҷикӣ (аз асри Х то ибтидои асри ХХ). Дар 2 ҷилд (дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А.Маъсумӣ). -М.: Со-ветская энциклопедия, 1969. Ҷ.1. -951с.; Ҷ.2.-949с.

12.         Хонларӣ, П.Н. Таърихи забони форсӣ. Дар се муҷаллад. / П.Н.Хонларӣ. -Теҳрон: Фарҳанги нашри нав, 1387. Ҷ.1. -414с.; Ҷ.2. -408с.; Ҷ.3. -487с.

13.         Ҳасанов, А. Вомвожаҳои тоҷикӣ дар забонҳои дигари ҷаҳон. / А.Ҳасанов. -Хуҷанд: Нури маърифат, 2003. -52с.

Таърихи нашр

Четверг, 23 Январь 2020