Калимаҳои мураккаби соматикии ашъори Унсурии Балхӣ таҳқиқ шуда, мавқеи ин гурӯҳи калимаҳо дар ифодаи мафҳумҳои гуногун нишон дода шудааст. Зикр гардидааст, ки ҷузъҳои калимаҳои мураккаби соматикиро, ба истиснои калимаҳои муҳибрӯй ва қандлаб вожаҳои ноби тоҷикӣ ташкил мекунанд: дастбоф, гармсар, рӯйбиҳишт, дилором... Ҳамзамон муаллиф дар асоси нишон додани равандҳои маъноии калимаҳои мураккаб воҳидҳои маъхазии онҳоро муайян карда, имкониятҳои сермаъно гаштани онҳоро дақиқан инъикос намудааст. Дар асоси маводи фактологӣ бо қолабҳои каммаҳсули калимасозии мураккаб фаровон корбаст гардидани вожаҳо ва калимаҳои нодири забони тоҷикиро фарогир будани маводи ашъори шоир исбот гардидааст, ки барои нигаҳдошти асолати забони тоxикӣ мусоидат хоҳад кард.
калимаи мураккаби соматикӣ, Унсурӣ, воҳиди маъхазӣ, ҷузъҳои калимаи мураккаб, сермаъноӣ, ҳалқаи синонимӣ
1. Амонова, Ф. Проблемы деривационной ономасиологии современного персидского языка / Фируза Амонова. – Душанбе: Дониш, 1990. - 286 с.
2. Бертельс, Е.Э. Избранные труды. Том 1. / Е.С. Бертельс. – М., 1960. -556 с.
3. Ғанизода, С. Таркиби ономасиологии калимаҳои мураккаби забони тоҷикӣ. / Савринисо Ғанизода. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2016,- 188с.
4. Дабирсиёқӣ, М. Девони Манучеҳрии Домғонӣ. / Муҳаммади Дабирсиёқӣ. – Теҳрон, 1347.
5. Дабирсиёқӣ, М. Девони Унсури Балхӣ. / Муҳаммади Дабирсиёқӣ. – Теҳрон, 1362.
6. Дар партави хуршед (Мунтахаби ашъори шоирони нимаи аввали асри Х1). - Душанбе: Адиб, 2011. – 480с.
7. Деҳхудо, Алиакбар. Луғатнома. Ҷ.16 / Алиакбар Деҳхудо. – Теҳрон: Интишорот ва чопи Донишгоҳи Теҳрон, 1328 (х).
8. Драганов, А.К. О взаимосвязи синтаксисических единиц словообразования: тез.докл.науч. конф. / А.К. Драгонов. – М., 1979. – С.34-35.
9. Қосимова, М. Таърихи забони адабии тоҷик (асрҳои 1Х-Х). Қисми 1. / Мукаррама Қосимова. – Душанбе, 2003. – 490 с.
10. Насриддин, А. Аз Рӯдакӣ то Аттор. / Абдулманнони Насриддин. - Хуҷанд, 2017. – 384 с.
11. Рустамов, Ш. Исм. / Шарофиддин Рустамов. – Душанбе: Дониш, 1981. – 218 с.
12. Тӯсӣ, А. Луғати фурс. / Асадии Тӯсӣ. - Теҳрон, 1319. – 567с.
13. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Дар ду ҷилд (дар зери таҳрири М. Шукуров, В.А. Капранов, Р. Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ). – М.: Советская энциклопедия, 1969, ҷ.1. - 951с.; ҷ.2. - 952с.
14. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Рӯдакӣ, ҷ.1. -950с.; ҷ.2. -945с.
15. Шоҳаҳмад, А. Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ. / Абдуҷаббори Шоҳаҳмад.- Душанбе: Пайванд, 1996. -648с.