0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ОЗОДИ БАЛГИРОМӢ ВА МАСОИЛИ НАҚДУ СУХАНСАНҶӢ ДАР «ДЕВОН»-И Ӯ

Муаллиф (он)

Абдуллоев Р.Х.

Чакидаи мақола

“Девон”-и шоири форсизабони Ҳинди қарни XVII Озоди Балгиромӣ чун манбаи пурарзиш оид ба таърихи нақди адабӣ ва маҳорати шоир ба ҳайси мунаққиди борикназар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар асоси маводи ғании фактологӣ нуқтаи назари Озоди Балгиромӣ ба сохтори шеър, латофати шеър, мавқеи мисраъ дар сабки ҳиндӣ, қофия ва радиф, матлаъ, мақтаъ кушода дода шудааст. Таъкид гардидааст, ки дар давраи мавриди назар на ҳамаи ноқидон меъёрҳои одоби илмиро риоя мекарданд ва осори Озодро мавриди нақди бадғаразона, ғайрикасбӣ қарор медоданд, нисбат ба ашъори ӯ хӯрдагириҳо мекарданд. Дар навбати худ Озод чунин суханваронро бо номҳои “кӯрсавод”, “бедаҳан”, “ҷоҳил”, “камсавод” ва ғайра ёд кардааст. Қайд шудааст, ки Озод дар девони худ роҷеъ ба бисёр шоирони ҳамасраш ҳарф зада, хидматашонро дар шеъру шоирӣ таъкид месозад, ягон ҷиҳати эҷодиашонро васф мекунад. Дар “Девон”-и Озод шоирони мутақаддам, махсусан Ҳофизи Шерозӣ ҷойгоҳи махсус доранд. Зикр шудааст, ки Ҳофиз барои Озоди Балгиромӣ ба сифати муршид эътироф гардидааст.

Калидвожаҳо

таърихи адабиёти тоҷик дар Ҳинд (XVII), эҷодиёти Озоди Балгиромӣ, нақди адабӣ, шеършиносӣ, Ҳофизи Шерозӣ, қофия, радиф

Пайнавишт

1.        Балгиромӣ, Озод.Куллиёти Озоди Балгиромӣ. Бо тасҳеҳ, муқаддима ва ҳавошии Саид Ҳасани Аббос /Озод Балгиромӣ. –Деҳлии нав, 2015. –678 с.

2.        Балгиромӣ, Озод. Ғизолони Ҳинд (Мутолиаи татбиқии балоғати ҳунарӣ ва форсӣ). Тасҳеҳи Сируси Шамисо/ Озод Балгиромӣ. –Теҳрон: Садои муосир, 1382. –176 с.

3.        Балгиромӣ, Озод. Тазкираи маҷмаъ-ун-нафоис. Ҷилди аввал. Бо кӯшиши дуктур Зебунисои Алихон. –Исломобод: Маркази тадқиқоти форсии Эрону Покистон,1385. –846 с.

4.        Балгиромӣ, Озод. Маҷмаъ-ун-нафоис. Ҷилди дуюм/Озод Балгиромӣ. Бо кӯшиши дуктур Меҳрнури Маҳмудхон ва ҳамкории Зебуннисои Алихон. –Исломобод: Маркази тадқиқоти форсии Эрону Покистон,1373. –498 с.    

5.        Ду рисола дар нақди адабӣ.Матни ду китоби нақди адабӣ таҳти унвонҳои «Таҳқиқ-ус-садод фи манзалат-ил-Озод»-и Муҳаммад Сиддиқи Суханвар ва «Таъдиб-уз-зиндиқ фи такзиб-ил-Сиддиқ»-и Абдулқодир Меҳрубони Аврангободӣ.Бо тасҳеҳ ва ҳавошии Саид Ҳасани Аббос.–Деҳлӣ,1998.–186 с.

6.        Кадканӣ, Шафеӣ. Шоире дар ҳуҷуми мунтақидон: Нақди адабӣ дар сабки ҳиндӣ перомуни шеъри Ҳазини Лоҳиҷӣ/Шафеи Кадканӣ.–Теҳрон: Огаҳ, 1375. – 512с.

Таърихи нашр

Пятница, 16 Апрель 2021