0.0/5 овоз (0 овозҳо)

«ИБРАТ-УЛ-ҒОФИЛИН»-И МИРЗО МУҲАММАД РАФЕЪИ САВДО ВА МАСЪАЛАҲОИ НАҚДУ СУХАНСАНҶӢ ДАР ШИБҲИ ҚОРАИ ҲИНД

Муаллиф (он)

Абдуллоев Ромезҷон Холмуъминович

Чакидаи мақола

Усулу шеваҳои нақду сухансанҷии Муҳаммад Рафеи Савдо дар рисолаи«Ибрат-ул-ғофилин» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Қайд гардидааст, ки «Ибрат-ул-ғофилин» ба нақду таҳлили эродҳои Мирзо Фохири Макин бахшида шудааст. Мирзо Фохири Макин, ки яке аз ҳамасрони  Муҳаммад Рафеъи Савдо мебошад, ҳамчун муҳаррири як тазкираи беноми Ашраф Алихон ашъори суханварону шоиронро дар тазкираи мазкур инкор карда, баъзеи онҳоро хат зада, қисми дигарашонро таҳрир сохтааст. Муаллиф бештар ба арзёбии афкори танқидии Муҳаммад Рафеъи Савдо таваҷҷўҳ зоҳир карда, онро аз чандин ҷиҳат, аз ҷумла муайян кадани дидгоҳҳои  Савдо доир ба шеър, муносибати ў нисбат ба суханварони гузашта ва муосир, таҳлили афкори интиқодӣ, таҳрири ашъори Мирзо Фохири Макин ва ғ. бозгў сохтааст. Ҳамчунин баъзе чеҳраҳои нақди адабии Ҳиндустонро аз қалиби Ашраф Алихон, Сироҷиддин Алихон Орзу, Оятуллоҳи Саноро муаррифӣ кардааст. Таъкид гардидааст, ки коре, ки Мирзо Фохири Макин дар рад ва инкори ашъори шоироне чун Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Саъдии Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ анҷом додааст, сабабҳои муҳкам надошта, таҳрироти вориднамудааш ба ашъори суханварони дигар на ин ки боиси афзоиши ҳусни суханварӣ гардидаанд, балки маънӣ ва мазмуни умумии шеъри гўяндаро хароб кардаанд. Хулоса мешавад, ки рисолаи «Ибрат-ул-ғофилин»-и Муҳаммад Рафеи Савдо  дар фарогирии   масъалаҳои нақду сухансанҷии шибҳи қораи Ҳинд ҷойгоҳи муҳим дошта, омўзиши он ҳамчун сарчашмаи муҳими адабӣ аз аҳамият холӣ нахоҳад буд.

Калидвожаҳо

Вожаҳои калидӣ: нақди адабӣ дар адабиёти форсизабони асрҳои ХV111 Ҳиндустон, «Ибрат-ул-ғофилин»-и Мирзо Муҳаммад Рафеъи Савдо,  Мирзо Фохири Макин,  Ашраф Алихон, инкор ва ислоҳи байтҳо, тасҳеҳ, усули баҳогузорӣ

 

Пайнавишт

1.        Абдуллоев Р.Х.Ду рисолаи нақди адабӣ дар сабки ҳиндӣ / Абдуллоев Р.Х.// Суханшиносӣ. Маҷаллаи илмии Институти забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. №2 –  Душанбе: 2020.– С. 56-74.

2.        Аҳмад, Зуҳуриддин. Нақди шеъри форсӣ дар Покистону Ҳинд / Аҳмад, Зуҳуриддин. –Исломобод, Маркази тадқиқоти форсии Эрон ва Покистон:1374.–145 с.

3.        Ду рисола дар нақди адабӣ.Матни ду китоби нақди адабӣ таҳти унвонҳои «Таҳқиқ-ус-садод фи манзалат-ил-Озод»-и Муҳаммад Сиддиқи Суханвар ва «Таъдиб-уз-зиндиқ фи такзиб-ил-Сиддиқ»-и Абдулқодир Меҳрубони Аврангободӣ. Бо тасҳеҳ ва ҳавошии Саид Ҳасани Аббос. – Деҳлӣ, 1998.–186 с.

4.        Зарринкўб Абдулҳусайн, Зарринкўб Ҳамид. Нақди адабӣ: Ҷустуҷў дар усул ва равишҳо ва мабоҳиси наққодӣ бо баррасӣ дар таърихи нақд ва наққодон / Зарринкўб Абдулҳусайн, Зарринкўб Ҳамид.– Душанбе: Ирфон, 2017.– 712 с.

5.        Савдо, Муҳаммад Рафеъ. Ибрат-ул-ғофилин.Бо муқаддима, тасҳеҳ ва тааллиқоти Шариф Ҳусайни Қосимӣ. – Деҳлии Нав: Маркази таҳқиқоти форсӣ, 2011. – 192 с.

 

Таърихи нашр

Среда, 07 Декабрь 2022