0.0/5 овоз (0 овозҳо)

МУРУРЕ ДАР ШИНОХТИ НУСХАҲОИ “БӮСТОН”-И ШАЙХ САЪДӢ

Муаллиф (он)

Сатторова Нилуфар Мавлониддиновна

Чакидаи мақола

Барои муайян намудани нусхаи қадимию нашрҳои боэътимод ба зиёда аз даҳ нашрҳои “Куллиёт” ва “Бӯстон”-и Саъдӣ рӯ оварда шудааст, ки нашрҳои Муҳаммадалии Фурӯғӣ, Мансури Растагор, Ғуломҳусайни Юсуфӣ, Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, Исмоил Амирхезӣ, Хатиби Раҳбар ва Аббос Иқболи Оштиёнӣ, аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Аз маълумотҳо ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки нусхаи лорд Greenaway нисбат ба нусхаи Луқмони Адҳам, нусхаи китобхонаи Ҳинди Англия, нусхаи Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Абӯбакр, нусхаи Муҳаммад Абдуллатифи Ақоқирӣ ва чанде дигар қадимтарин ва боэътимод мебошад. Бояд тазаккур дод, ки дар нашрҳои Муҳаммадалии Фурӯғӣ ва Ғуломҳусайни Юсуфӣ нусхаи лорд Greenaway ҳамчун нусхаи асос ба кор рафтааст. Аз ин рӯ, ҳини нашри илмию интиқодии “Бӯстон” ва таҳияи матни он дар баробари нусхаҳои қадим нашри ин ду танро бояд ба эътибор гирифт.

Калидвожаҳо

Ключевые слова: Саади Ширази, «Бустон», рукописные списки, древнейшие рукописи, список лорда Гринвея (Greenaway), научно-критическое издание, Мухаммадали Фуруги, Гуломхусайн Юсуфи

Пайнавишт

1.       Амирхезӣ, Исмоил. Саъдинома ё Бӯстон / Амирхезӣ, Исмоил. – Теҳрон: Саодат, 1317.- 205 с.

2.       Бӯстон /Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ. Тарҷумони матни англисӣ Ҷ.М. Викнс, устоди донишгоҳи Торонтои Канада. - Теҳрон: Сипеҳр, 1364. – 443 с.

3.       Массе, Ҳенри. /Таҳқиқ дар бораи Саъдӣ, тарҷумаи Муҳаммад Ҳасанмаҳдуи Ардабилӣ ва Ғуломҳусайни Юсуфӣ / Массе, Ҳенри. – Теҳрон, Тӯс, 1369. – 448 с.

4.       Растагор, Мансур. /Кунгураи ҷаҳони Саъдӣ ва Ҳофизи Шероз / Растагор, Мансур. -Чопхонаи Донишгоҳи паҳлавӣ, 1357.453 с.

5.       Саъдӣ. Бӯстон /Гузинаи сухани порсӣ. – Хатиби Раҳбар, 1383. - 112 с.

6.       Саъдӣ. Куллиёт /Тасҳеҳи Муҳаммадалии Фурӯғӣ. -Теҳрон чопхонаи Барӯхим. – 1289 с.

7.       Шерозӣ, Саъдӣ. Куллиёт/ бо муқаддимаи Аббос Иқболи Оштиёнӣ, Муҳаммад Ҷаъфари Мансур – Асадуллоҳ Ҳусайнзода. - Адаб, 1317. – 1028 с.

8.       Шерозӣ, Саъдӣ /Маҷмӯаи осор, Бӯстон/ Аз рӯи нусхаи Муҳаммадалии Фурӯғӣ, чопи дувум. – Теҳрон: Қуқнус, 1366. - 532 с.

9.       Шерозӣ, Саъдӣ. Бӯстон /Тавзеҳ ва тасҳеҳи Ғуломҳусайни Юсуфӣ. – Теҳрон: Хоразмӣ, 1372. – 620 с.

10.   https://www.ibna.ir > naghli (таърихи дастрасӣ 07.01.2021).

Таърихи нашр

Среда, 07 Декабрь 2022