0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ҲАМБАСТАГӢ ВА ТАФОВУТИ «НАФАҲОТ-УЛ-УНС » БО ДИГАР МАНОБЕИ ИРФОНӢ

Муаллиф (он)

Хомидова Мавлудахон Мансуровна

Чакидаи мақола

Дар мақола ҳамбастагиву тафовути «Нафаҳот-ул-унс мин ҳазарот-ил-қудс»-и Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ бо се сарчашмаи муътабари ирфонӣ, ки ба забони тоҷикӣ таълиф гардидаанд, амсоли «Кашф-ул-маҳҷуб»-и Абулҳасани Ҳуҷвирӣ, «Табақот-ус-сўфия»-и Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ ва «Тазкират-ул-авлиё»-и Шайх Аттори Нишопурӣ баррасӣ гардидааст. Муаллиф ҳамбастагиву фарқияти асарҳои зикршударо ба таври муқаддимотӣ аз рўйи сохтор, теъдоди ҳолномаҳои сўфиён, кўтоҳию тафсили баён, баҳра ҷустани Ҷомӣ аз матолиби назарии ирфонии муаллифони пешин тадқиқ намуда, инчунин сабабҳову зарурати эҷоди «Нафаҳот-ул-унс»-ро бо далелҳо собит кардааст. Дар маҷмўъ, аз мақола манзараи умумии робитаи фикриву амалии муаллифону мусаннифони кутуби маъруфи сўфия равшан ба назар мерасад. 

Калидвожаҳо

Калидвожаҳо : Абдуррамони Ҷомӣ, Абуласан Ҳуҷвирӣ, Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Аттор Нишопурӣ, ирфон, тазкира, маноқиб, тариқат, сабк, сохтор

Пайнавишт

1.         Ансорӣ, Хоҷа Абдуллоҳ. Табақот-ус-сўфия [Матн]: Таҳиягарони матн, муаллифони муқаддима ва феҳристҳл М.Очилова, М.Оқилова / Зери доктори улуми филологӣ, профессор У. Ѓаффорова. – Хуҷанд: Ношир, 2014. – 436 с.

2.         Нишопурӣ, Фариддудини Аттор «Тазкирату-л-авлиё» [Матн]: Баргардон, фароҳамоварандаи матн, муаллифи муқаддима ва таълиқот М.Оқилова / Зери назари академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори улуми филологӣ Н. Салимов. – Хуҷанд: Ношир, 2008. – 662 с.

3.         Оқилова, М. «Тазкират-ул-авлиё»-и Шайх Аттор ва арзиши адабиву ирфонии он [Матн] / Зери назари академики Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Н.Салимов / Оқилова, М. – Хуҷанд: Андеша, 2012. – 184 с.

4.         Очилова, М. «Табақот-ус-сўфия»-и Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ ва арзиши адабии он [Матн] / Муқарризон Н.Салимӣ, Б.Мирсаидов / Очилова, М. – Хуҷанд: Меъроҷ, 2015. – 196 с.

5.         Ҷомӣ, А. Нафоҳат-ул-унс мин ҳазарот-ил-қудс [Матн]: Бо пешгуфтори сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон доктор Алиасѓари Шеърдўст / Зери назари академик Н. Салимов; Таҳиягарони матн, муаллифони муқаддима ва феҳристҳо М. Оқилова, Б. Мирсаидов. – Душанбе: Пажўҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, 2013. – 876 с.

6.         Ҳуҷвирӣ Алӣ ибни Усмон. Кашфу-л-маҳҷуб [Матн]: /Муқаддима, тасҳеҳу таълиқоти Маҳмуди Обидӣ / Ҳуҷвирӣ Алӣ ибни Усмон. – Теҳрон: Суруш, 1383. – 1154 с.

Таърихи нашр

Пятница, 31 Март 2023