0.0/5 овоз (0 овозҳо)

БАЪЗЕ МУЛОҲИЗАҲО ДАР БОРАИ «МАРЗБОННОМА» ВА МУАЛЛИФИ ОН

Муаллиф (он)

Қодирова Ф.Р.

Чакидаи мақола

Яке аз намунаҳои ҷолиби насри пандуахлоқии форсӣ-тоҷикӣ – «Марзбоннома» мавриди баррасӣ қарор гирифта, ки дар асри IX бо лаҳҷаи табарӣ аз ҷониби яке аз давомдиҳандагони сулолаи Бовандиҳо – Марзбон ибни Шарвин эҷод шудааст. Дар асри XII, тақрибан дар як асру замон, ду нусхаи мустақили бознависишуда: 1) «Равзат-ул-уқул», мутааллиқ ба қалами вазири подшоҳи Рум – Муҳаммад ибни Ғозӣ Ал-Малатиявӣ; 2) «Марзбоннома»-и Саъдуддини Варовинӣ, ки бо хоҳиши вазири Атобаки Озарбойҷон – Хоҷа Абулқосим Рабибуддини Ҳорун ибни Алӣ ба миён омада, бад-ин васила асли асари номбурда барои насли минбаъда ҳифзу нигаҳдорӣ шудааст. Таъкид гардида, ки ҳар ду асар бо усули ҳикоят андар ҳикоят созмон ёфта, аз лиҳози сабк шабеҳи «Калила ва Димна» мебошанд. Ҳамчунин, дар хусуси дастхатҳои дар китобхонахои гуногуни олам маҳфузбуда ва тарҷумаҳои асар ба забонҳои туркиву арабӣ маълумот дода шудааст. Қайд гардида, ки «Марзбоннома» ба ҷуз арзиши адабӣ, дорои аҳаммияти бузурги таърихӣ мебошад.

Калидвожаҳо

таърих, адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, насри пандуахлоқии асри XII, Марзбон ибни Шарвин, Муҳаммад ибни Ғозӣ Ал-Малатиявӣ, Саъдуддини Варовинӣ, «Марзбоннома»

 

Пайнавишт

1.    Азизқулов, Ҷ. Марзбон / Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Иборат аз се ҷилд. Ҷ.2. –Душанбе: СИЭСТ, 1989. – С.159.

2.    Азизқулов, Ҷ. Марзбоннома / Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Иборат аз се ҷилд. Ҷ.2. –Душанбе: СИЭСТ, 1989. – С.159.

3.    Баҳор, Маликушшуаро. Сабкшиносӣ ё таърихи татаввури насри форсӣ. – Душанбе: Бухоро, 2012. – С.383-385.

4.    Ғиёсов, Нурулло. Марзбон ибни Рустам ибни Шарвини Пирим / Донишномаи Сомониён. Ҷ.1. А-М. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2008. – С.478.

5.    Деҳхудо, Алиакбар. Луғатнома.Иборат аз 15 ҷилд. Ҷ.13.– Теҳрон: Сипеҳр, 1377. – С.20656.

6.    Донишпажуҳ, Манучеҳр. Ҷойгоҳи насри Шерозу Форс дар таҳаввули насри форсӣ дар садаҳои ҳафтум то нуҳуми ҳиҷрӣ. – Теҳрон: Фарҳангистони ҳунари Ҷумҳурии исломии Эрон, 1387. – 432 с.

7.    Дурдонаҳои наср. Иборат аз чаҳор ҷилд. Ҷ.1.– Душанбе: Ирфон, 1987.–490 с.

8.    Марзбоннома. Таълифи Марзбон ибни Рустам ибни Шарвин аз шоҳзодагони Табаристон дар авохири қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ ва ислоҳи котиби бореъ ва дабири шево Саъдуддин Ал-Варовинӣ дар авоили қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ. Ба тасҳеҳу таҳшияи Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоби Қазвинӣ. Ба замимаи «Ат-тарҷумон ъан китоб-ул-Марзбон» таълифи Аллома Муҳаққиқ Муизии Дизфулӣ. – Теҳрон: Интишороти Китобхонаи Садр, 1908. – 22 с. (муқаддима)+315 (матн)+104 (муқаддима ва матн).

9.    Марзбоннома. Таҳрири Саъдуддини Варовинӣ. Бо муқобала ва тасҳеҳу таҳшияи Муҳаммад Равшан. Чопи сеюм бо ислоҳот ва изофот ҳамроҳ бо маонии оёту абёту вожаҳо. – Теҳрон: Асотир, 1376. – 11 с. (ишорае ба чопи дувум) + аз с. 12 то с. 36 (муқаддима)+1145 с. (матн).

10.Марзбоннома. Тарҷумаи Саъдуддини Варовинӣ. Бо кӯшиши Халил Хатиби Раҳбар. Бо маънии вожаҳо, шарҳи байтҳову ҷумлаҳои душворфаҳм ва бархе нуктаҳои дастуриву адабӣ ва амсолу ҳикам. Чопи понздаҳум. – Теҳрон, 1389.– 795 с.

11.Мирзозода, Холиқ. Таърихи адабиёти тоҷик (Аз давраи қадим то асри ХIII) Китоби I қисми II. –Душанбе: Маориф, 1987. – 488 с.

12.Пуряздон, Орзу. Китобшиносии «Марзбоннома» // Оинаи пажуҳиш, 191. – Соли сиюм. – Шумораи аввал, фарвардин – урдубиҳишт, 1398. – С. 112-134.

13.Ризоӣ, Маҳдӣ. Марзбоннома – ёдгоре аз Эрони аҳди Сосонӣ // Пажӯҳишномаи забон ва адаби форсӣ (Гавҳари гӯё). – Соли чаҳорум. – Шумораи аввал, паёпай 13, баҳори 1379. – С.47-68.

14.Салимов, Н. Марҳалаҳои услубӣ ва таҳаввули анвои наср дар адабиёти форсу тоҷик (асрҳои IX-XIII). – Хуҷанд: Нури маърифат, 2002. - 400 с.

15.Сафо, Забеҳулло. Мухтасаре дар таърихи таҳаввули назму насри порсӣ. Чопи панҷум. – Теҳрон: Чопхонаи Донишгоҳ, 1338. -109 с.

16.Хушрӯдборӣ, Муҳаммад Алӣ Нурӣ; Ҷаъфарӣ, Самона. Ҷусторе дар шинохти муаллифи ростини «Марзбоннома» //Дуфаслномаи таърихи адабиёт (нашрияи илмӣ). – Давраи сездаҳум. – Шумораи 1, баҳор ва тобистони 1399. – С.189-201.

17.Ҳусайн Шайх. Нақду баррасии се навишта дар бораи «Марзбоннома» // Оинаи пажуҳиш, 191. – Соли сиву дуюм. – Шумораи панҷум, озармоҳи 1400. – С.254-260.

18.Шарифов, Худоӣ. Назарияи наср дар адаби форсии асрҳои 4-9 ҳиҷрӣ. – Душанбе, 2004. -319 с.

Таърихи нашр

Четверг, 17 Октябрь 2024