0.0/5 овоз (0 овозҳо)

МУЛОҲИЗАҲО ДАР БОРАИ ВУРУДИ АВРУПОИЗМҲО БА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ОХИРИ САДАИ XIX ВА АВВАЛИ ҚАРНИ XX (ДАР АСОСИ МАВОДИ РӮЗНОМАИ САФАРИ АМИР АБДУЛАҲАД)

Муаллиф (он)

Пӯлодова Ш.С., Хоҷаева М.О.

Чакидаи мақола

Хусусиятҳои иқтибоси калимаҳо аз забонҳои русӣ ва аврупоӣ ё ба ном лексикаи русию интернатсионалӣ ба забони тоҷикӣ дар даҳсолаи ахири асри XIX-оғози қарни XX дар асоси рӯзномаи сафари амир Абдулаҳад ба Русия, ки солҳои 1892-1893 барпо гардида буд, ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Барои қиёс маводи фактологӣ аз “Ҳаҷнома”-и Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ ва сафарномаи “Туҳафи аҳли Бухоро”-и Мирзо Сироҷи Ҳаким, ки дар давраи мавриди баррасӣ таълиф гардидаанд, ҷалб шудаанд. Қайд мешавад, ки тамоми аврупоизмҳои дар охири асри XIX ба забони тоҷикӣ воридшуда, дучори тағйироти фонетикӣ гардида, ба низоми савтиёти забони тоҷикӣ мутобиқ мешуданд. Махсусан вобастагии басомади истифодаи аврупоизмҳо дар сафарномаҳо аз мақсади сафар таъкид гардидааст. Масалан, дар рӯзномаи сафари амир Абдулаҳад, ки ба Русия сафари расмӣ карда буд, нисбат ба китоби Мирзо Сироҷ, ки бо корҳои тиҷоратӣ ба сафар баромада буд ва “Ҳаҷнома”-и Возеҳ  теъдоди бештари аврупоизмҳо мавриди истифода қарор гирифтааст. Таъкид шудааст, ки талаффузи аксарияти аврупоизмҳо дар тӯли бештар аз сад сол тағйир наёфтааст, ки дар ин бора мисолҳои дар ҳамаи се асари мавриди баррасӣ дучоршаванда шаҳодат медиҳанд: истанса-станция, вакзол-вокзал, парохуд-пароход, кифитонса-квитанция, багоч – багаж, лимунод-лимонад ва ғайра.

Калидвожаҳо

амир Абдулаҳад, Возеҳ, Мирзо Сироҷи Ҳаким, иқтибос, аврупоизмҳо, сафарнома, низоми савтиёти тоҷикӣ

 

Пайнавишт

1.    Олимҷонов М. Вожаҳои русию аврупоӣ дар забони тоҷикӣ (дар мисоли ашъори Фарзона) // Сухан аз гавҳариёни сухан. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2017. – С. 214-221.

2.    Шаропов Н. Калимаҳои русию интернатсионалӣ дар забони адабии тоҷик. – Душанбе: Дониш, 1970. – 170 с; Ниёзмуҳаммадов Б. Калимаҳои русӣ дар осори Аҳмади Дониш// Забоншиносии тоҷик. – Душанбе: Дониш, 1974. – С. 378-383.

3.    Ҳоҷиев З. Забони адабии тоҷикӣ дар ибтидои садаи ХХ, с.119-128.

4.    Мир Сайид Абдулаҳадхон. Рӯзномаи сафари хайриятасари вилояти Фитирбурх (09.12.1892 – 04.03.1893). – Душанбе, 2023. – 216 с.

5.    Тоҷибоев Ш., Самеев А.Нишебу фарозҳои матншиносии сафарномаи амир Абдулаҳадхон / Тоҷибоев Ш., Самеев А.//Садои Шарқ , 2024. - №10. - С.149-157.

6.    Возеҳ, Қорӣ Раҳматуллоҳ. Савониҳ ал-масолик ва фаросих ал-мамолик (ҳаҷнома)/ Ба саъю эҳтимом ва пешгуфтори Тоҷиддин Мардонӣ. – Душанбе, 2019. – 174 с.

7.     Мирзо Сироҷи Ҳаким. Туҳафи аҳли Бухоро.-Душанбе: Адиб, 1992. – 282 (нусхаи электронӣ)

8.    Мирзо Сироҷуддин Ҳоҷӣ Мирзоабдурауф.Туҳафи аҳли Бухоро / Бо муқаддима аз дуктур Муҳаммади Асадиён. - Теҳрон:Интишороти Буалӣ,1369. – 38 4с.

9.    Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Ҷ.1.-Душанбе, 2019. – 548 с.

10.Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ.Ҷ.2.-Душанбе: Бухоро, 2015. – 109 6с.

11.Инҷуи Шерозӣ, Мирҷамолуддин Ҳусайн ибни Фахруддин Ҳасан. Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ. Виростаи Раҳими Афифӣ Ҷ.1. – Теҳрон, 1351. – 1234 с.

12.Бобомуродов Ш., Мухторов З. Фарҳанги истилоҳоти забоншиносӣ. – Душанбе, 2016. – 428 с. [с. 154]

13.Русско-таджикский словарь. Под ред. М.С.Асимова.–Москва: Русский язык, 1985. – 1279 с.

14.  Персидско-русский словарь / Под ред.Ю.А.Рубинчика. Т.1.– Москва: Русский язык, 1983. – 800 с.

15.Бурҳон, Муҳаммадҳусайн. Бурҳони қотеъ / Таҳияи матн бо пешгуфтор, мулҳақот, тавзеҳоти ва ҷеҳристи Амон Нуров. – Душанбе: Адиб, 1993. – 416 с.

Таърихи нашр

Вторник, 14 Январь 2025