Таҳлили қиёсии таркиби сохтории ибораҳои феълӣ дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ сурат гирифтааст. Таъкид шудааст, ки то имрӯз таркиби сохтории ибораҳои феълии забонҳои мазкур мавриди баррасии алоҳида қарор нагирифтааст. Зикр гардидааст, ки сохтори ибораҳои мавриди баррасӣ дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Аз рӯйи хусусияти умумии типологии мавқеи калима дар ибораи феълӣ, онҳо ба гурӯҳҳои гуногуни забонҳо дохил мешаванд: забони тоҷикӣ майли чапи тобеъкунӣ ва забони англисӣ майли рости тобеъкунӣ дорад. Дар натиҷаи таҳлили маводи фактологӣ хулоса шудааст, ки масдари тоҷикӣ нисбат ба англисӣ бештар хосияти исмӣ дорад. Агар дар забони англисӣ хосияти исмии масдар дар вазифаи синтаксисии он зоҳир гардад, дар забони тоҷикӣ чунин хосият на танҳо дар вазифаи синтаксисии масдар мушоҳида мешавад, балки дар зоҳир намудани алоқаи синтаксисии масдар бо дигар ҳиссаҳои нутқ ба вуқуъ меоянд. Яъне масдари тоҷикӣ мисли исм, бандаки изофии «-и» мегирад ва баъзе дигар хосиятҳои исмро зоҳир мекунад. Пешояндҳо низ дар ташаккулёбии ибораҳои феълӣ мавқеи муҳим доранд ва чун яке аз воситаҳои созмонёбии ибораҳои мазкур мегарданд.
ибора, ибораҳои феълӣ, таркиби сохтории ибораҳои феълӣ, алоқаи синтаксисӣ, масдар, бандаки изофии «-и»
1. Абдурахимов, С. Ибораҳои исмии забони адабии ҳозираи тоҷик. - Душанбе: Дониш, 1973. - 159 с.
2. Акрамов, М. Ибораҳои сифатӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷик: дисс. канд. филол. наук. - Душанбе, 1977. - 197 с.
3. Аракин В. Д. Сравнительная типология английского и русского языков / В. Д. Аракин. - Ленинград: Просвещение, 1979. – 280 с.
4. Бархударов, Л.С. Грамматика английского языка / Л.С. Бархударов, Д.А. Штелинг. - Либроком, 2009. - 160 с.
5. Блумфильд, Л. Язык/ Л. Блумфильд. – Москва, 1968. - 227 с.
6. Мирзоев, А. Ибора дар забони тоҷикӣ: дисс. докторӣ. - Душанбе, 2002. – 232 с.
7. Почепцов Г.Г. Теоретическая грамматика современного английского языка. – Москва, 1981. - 285 с.
8. Таджиев, Д.Р. Об определительных словосочетаниях типа «Ахмада китобаш, гапа камаш» / Д.Р. Таджиев// Ученые записки. Сер. гуманитарных наук. – Сталинабад: Изд-во ТГУ, 1955. - С.196-198.
9. Усмонов, К. Грамматикаи муқоисавии звбонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. / К. Усмонов. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2017. – 430 с.
10.Халилов, А. Вазифаҳои грамматикии бандаки изофӣ - ӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷик. - Душанбе, 1965. – 148 с.
11.Ilyish, B. The Structure of Modern English / B. Ilyish. - L.: Prosvesheniye, 1971. - 368 p.
12.Jonson, B. The English grammar. - Lnd., 1991. - 120 p.
13.Войнич Е. Ғурмагас. - Душанбе: Маориф, 1982. - 318 с.
14.Abrahams P. The Path of thunder. M.: Foreign Lang-s Publishing House, 1954. p. 295.
15.Voynich, E. The Gadfly. - M.: Foreign languages Publishing House, 1954. - 332 p.