Шоири маъруфи форсизабони Ҳиндустон дар қарни ХVII, намояндаи барҷастаи сабки ҳиндӣ – Муҳаммадтоҳир Ғании Кашмирӣ дар эҷоди мазмунсозӣ ва маъниофаринӣ маҳорати беандоза дошт. Муаллифони бисёре аз маъхазҳои адабӣ-таърихӣ ва муҳаққиқони осори шоир табъи баланд ва ҳунари сухангустарии Ғаниро эътироф намуда, иқтидори ӯро дар мазмунофариниву хушхаёлӣ ва нозукбандӣ тавсиф намудаанд. Нигоҳи тазкиранигорони муосиру баъдӣ ва адабиётшиносоне, ки тарзу услуби нави эҷодиёти Ғанӣ ва сабку салиқаи ашъорашро ситудаанд, изҳор ва мақоми сазовори Ғании Кашмирӣ дар ривоҷи сабки ҳиндӣ нишон дода шудааст. Таъкид бар он гардидааст, ки Ғании Кашмирӣ борҳо ҳисси болидагии хешро аз пояи баланди суханварии худ изҳор намуда, ифтихор аз тозагӣ ва рифъати ҳунари шоирӣ ва мазмунбандии тозаи худ мекунад. Дар баробари ин ӯ гоҳе эҷодиёти худро барои мавҷуд будани такрор дар эҷоди мавзуъҳо мавриди танқид низ қарор додааст.
Муҳаммадтоҳир Ғании Кашмирӣ, адабиёти форсизабони Ҳинд, қарни ХVII, сабки ҳиндӣ, ғазал, тавсиф, интиқод, ифтихория
1. Абдуррашид, Сарҳанг Хоҷа. Тазкираи шуарои Панҷоб / Гирдоваранда Сарҳанг Хоҷа Абдуррашид. – Карочи, 1967. – 494 с.
2. Аъзами Дидамарӣ, Хоҷа. Воқеоти Кашмир. – Кашмир, 2001.
3. Волаи Доғистонӣ. Риёз-уш-шуаро / Муқаддима, тасҳеҳ ва таҳқиқи Муҳсин Ноҷии Насрободӣ. Баргардонандаи матн ба хатти кириллии тоҷикӣ, муаллифи пешгуфтор ва шарҳи луғоту тавзеҳот доктор Мисбоҳиддини Нарзиқул ва Бобоева Озода. – Душанбе: ЭР-граф, 2018. – Ҷ. 3. – 751 с.
4. Ғании Кашмирӣ, Муҳаммадтоҳир. Девони Ғанӣ / Муқаддима, тасҳеҳ ва ҳавошӣ аз Алиҷаводи Зайдӣ. – Сринагар, 1964. – 259 с.
5. Ихлос, Кишан Чанд. Ҳамешабаҳор / Ба кӯшиши Зубайр Аҳмад Қамар. – Деҳлӣ, 2003. – 244 с.
6. Қонеъи Таттавӣ, Мир Алишер. Мақолот-уш-шуаро. – Карочи, 1957.
7. Қудратуллоҳи Гупомуӣ, Муҳаммад. Натоиҷ-ул-афкор. – Теҳрон, 1336.
8. Насрободӣ, Мирзо Тоҳир. Тазкираи Насрободӣ. – Теҳрон, 1317. – 575 с.
9. Озари Бегдилӣ, Лутфалибек. Оташкада / Таҳияи Мир Ҳотами Муҳаддис. – Теҳрон: Муассисаи интишороти Амири Кабир, 1378.
10. Рошидӣ, Саййид Ҳусомуддин. Тазкираи шуарои Кашмир. – Ҷ.2. – Карочӣ, 1967. – С.517-1043.
11. Садорангонӣ, Ҳарумал. Порсигӯёни Ҳинду Синд. – Теҳрон: Бунёди фарҳанги Эрон, 1355. – 299 с.
12.Санъӣ, Муҳаммадмуслим. Дебочаи “Девон”-и Ғанӣ. – “Девон”-и Ғанӣ / Муқаддима, тасҳеҳ ва ҳавошӣ аз Алиҷаводи Зайдӣ. – Деҳлӣ, 1964. – С.5-56.
13.Сархуш, Муҳаммадафзал. Каламот-уш-шуаро / Тасҳеҳи Алиризо Қазва. –Теҳрон: Китобхона, музей ва Маркази асноди Маҷлиси Шӯрои исломӣ, 1389. – 312 с.
14.Сикари Кокуравӣ, Муншӣ Аҳмадҳусайн. Тури маъно. – Деҳлӣ, 2007. – 493 с.
15.Хушгӯ, Биндробин Дос. Сафинаи Хушгӯ (дафтари солис). – Патна, 1959. – 400 с.
16.Хушгӯ, Биндробин Дос. Сафинаи Хушгӯ. – Ҷ. 2. – Теҳрон, 2011. – 900 с.
17.Ҳасан, Пир Ғулом. Таърихи Кашмир. – Ҷ. 4. – Сринагар, 1960. – 62 с.
18.Ҳасанхон, Наввоб Саййид Муҳаммадсиддиқ. Шамъи анҷуман / Тасҳеҳ ва таълиқоти дуктур Муҳаммадкозими Каҳдуӣ. –Язд: Интишороти Донишгоҳи Язд, 1385. – 977 с.
19.Ҳошимии Синдилавӣ, Муҳаммадалихон. Махзан-ул-ғароиб. – Ҷ.1. – Лоҳур, 1970. – 884 с.
20.Ҳусайнқулихони Азимободӣ. Ништари ишқ / Тасҳеҳ ва муқаддимаи Асғар Ҷонфидо. –Ҷ.3. –Душанбе: Дониш, 1983. –С. 783-1179.
21.Шерхони Лудӣ. Миръот-ул-хаёл. – Бомбай, 1324 ш.
Адабиёти соҳавӣ:
22.Алиев Г. Персоязычная литература Индии.–Москва, 1968.–248 с.
23.Асғар, Офтоб. Таърихнависии форсӣ дар Ҳинду Покистон. Темуриёни Бузург аз Бобур то Аврангзеб. – Лоҳур, 1985. – 559 с.
24.Афғон, Ғанӣ. Булбули Кашмир // Тоҷмаҳал. – 1944. – №3. – С. 4-7.
25.Fаффоров А. Муқаддима. – Fании Кашмирӣ. Мунтахаботи ашъор. – Душанбе: Ирфон, 1978. – С. 5-28.
26.Зарринкӯб, Абдулҳусайн. Сайре дар шеъри форсӣ. Чопи севум. – Эрон: Чопхонаи Ҳайдарӣ, 1371.
27.Зоҳидӣ, Саййиданвар Ҳасан. Саҳми Ғании Кашмирӣ дар шеър ва сухани форсӣ // Қанди порсӣ. – 2009-10. – №47-48. – 457-465.
28.Икромулҳақ, Мавлавӣ. Соиби Табрезӣ // Маориф (Аъзамгарҳ). – 1927. – ноябр (ба забони урду).
29.Нақавӣ, Саййид Алиризо. Тазкиранависии форсӣ дар Ҳинду Покистон. – Теҳрон, 1967. – 819 с.
30.Нуъмонӣ, Шиблӣ. Шеър-ул-Аҷам ё таърихи шуаро ва адабиёти Эрон: Тарҷумаи Саййид Муҳаммадтақӣ Фахр Доии Гелонӣ. – Ҷ.3. – Теҳрон, 1368. – 204 с.
31.Обидӣ, Амирҳасан. Ғании Кашмирӣ // Оҳанг (Деҳлӣ). – 1959, сентябр. – С.14-24 (ба забони урду)
32.Пригарина Н.И. Индийский стиль и его место в персидской литературе (вопросы поэтики) / Н.И.Пригарина.–Москва: Восточная литература, 1999.–328 с.
33.Сафо, Забеҳуллоҳ. Таърихи адабиёт дар Эрон. – Ҷ.5/2. – Теҳрон, 1373. – Чопи ҳафтум. – С. 635-1420.
34.Субҳонӣ, Тавфиқ. Нигоҳе ба таърихи адаби форсӣ дар Ҳинд. – Теҳрон, 1377. – 724 с.
35.Тику, Гардҳарӣ Лол. Шуарои Кашмир. – Теҳрон: Анҷумани Эрон ва Ҳинд, 1342. – 195 с.
36.Хуршедулислом.Ғолиб. – Алигарҳ, 1960.
37.Hadi, Nabi.History of of Indo-Persian Literature. – Delhi, 2001. – 968 p.
38.Kirmani, Waris. Dreams Forgotten. – Aligarh, 1986. – 462 p.
39.Tikku, G. L. Persian Poetry in Kahsmir (1339-1846).–Berkelly, Los Angeles, 1971. – 321 p.