0.0/5 овоз (0 овозҳо)

НИЗОМИ ИСТИЛОҲОТИ ХЕШУТАБОРӢ ДАР ЯК ХАТТИ МУСТАҚИМ БО СЕМАИ ИНТЕГРАЛИИ «ҶИНСИ МАРД» ДАР ЗАБОНҲОИ ТОҶИКӢ, ӮЗБЕКӢ ВА АНГЛИСӢ

Муаллиф (он)

Эгамназаров Х.Х.

Чакидаи мақола

Низоми истилоҳоти хешутабории мустақим бо семаи интегралии «ҷинси мард» дар забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва англисӣ баррасӣ шудааст. Қайд шудааст, ки истилоҳоти хешутаборӣ муҳимтарин равандҳои иҷтимоӣ-таърихии дар ҳаёти ҳомилони забон рухдиҳандаро инъикос мекунанд. Дар фарҳангҳо ва забонҳои гуногун ин истилоҳот метавонанд ба таври назаррас фарқ кунанд. Қайд карда мешавад, ки истилоҳоти хешутаборӣ як низоми мураккабест, ки хусусиятҳои фарҳангӣ, сохтори иҷтимоӣ ва равандҳои таърихиро инъикос мекунад. Низоми хешутаборӣ дар забонҳои англисӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ба мақсадҳои умумӣ хизмат мекунанд: нигоҳ доштани робитаи наслҳо, изҳори эҳтиром ба калонсолон ба тавсифи дақиқи нақши иҷтимоӣ дар оила. Забони англисӣ ва узбекӣ равишҳои шабеҳро истифода бурда, префиксҳоро барои нишон додани наслҳои калонсол илова мекунанд (дар забони англисӣ “great” ва дар ӯзбекӣ “катта”). Дар забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ барои ифодаи насли калонсол тавассути вожаҳое, ки ба мақоми баланд ё калонсолӣ ("калон" ва "катта")ишора мекунанд,  сохторҳои якхела мавҷуданд.

Калидвожаҳо

истилоҳоти хешутаборӣ, хешии мустақим, семаи интегралии «ҷинси мард», дараҷаҳои хешутаборӣ, коннотатсия

Пайнавишт

1.    Гухман М.М. Доиндоевропейские термины родства в германских языках / М.М. Гухман / Памяти академика И.Я. Марра. –  Москва; Ленинград, 1938. – С. 93–115.

2.    Диловаров М.М. Термины родства юго-восточных говоров таджикского языка: дис. ... канд. филол. наук / М.М. Диловаров. – Душанбе, 2022. – 166 с.

3.    Мусаева Ф. Ӯзбек тилида жинс тушунчасининг ифодаланиши: фил. фан бӯйича фалсафа доктори дисс.....автореф. – Тошкент, 2019. – 24 с.

4.    Муталлибов С. Морфология ва лексика тарихидан қисқача очерк / С. Муталлибов. – Тошкент, 1959. – 140 с.

5.    Неменова Р.Л., Ҷӯраев Ғ. Шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ (фонетика, лексика) / Р.Л. Неменова, Ғ.Ҷӯраев. – Душанбе: Дониш, 1980. – С.193-194.

6.    Уринбаев Б. Категория вокативности в современном узбекском языке: автореф. дисс. канд. филол. наук.  Самарканд, 1964. – С.25.

7.    Шоабдураҳмонов Ш. Ӯзбек шеваларининг лексик составини ӯрганиш масалалари ҳақида / Ш. Шоабдураҳмонов // “Ӯзбек тили ва адабиёти масалалари”. – 1958. - № 2.  – С. 29-30.

8.    Эгамназаров Х.Х. Некоторые вопросы синхронно-сопоставительного изучения содержательного плана лексики разноструктурных языков // Вестник Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики – Худжанд, 2020. - №2 (83). – С. 81.

9.    Эдельман Д.И., Молчанова Е.К.Об истории терминов родства и свойства в иранских языках и диалектах // Алгебрародства: Родство. Системы родства / Сост. и отв. ред. В. А. Попов. Вып. 17. - Санкт-Петербург, 2019. -  С.114–142.

10.Энгельс Ф. Происхождение семьи, частной собственности и государства. ВсвязисисследованиямиЛ.Г. Моргана.  Москва, 1937. – 222 с.

Таърихи нашр

Вторник, 14 Январь 2025