Мероси номанигории арабизабони форсу тоҷик Абдулҳамиди Котиб баррасӣ шудааст. Дар асоси осори адабии тоисломии эронӣ ва осори муҳаққиқони асрҳои миёна хулоса шудааст, ки пас аз фатҳи араб бисёре аз осори тоисломии эронӣ ба адабиёти арабизабон интиқол шуданд. Идомаи суннатҳои номанигории тоисломии эронӣ дар эҷодиёти Абдулҳамиди Котиб ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Дар расоили Абдулҳамиди Котиб аз ҷумла дар “Рисола или-л-куттоб”, “Дар васфи бародарӣ” ва “Номаи Абдулҳамиди Котиб аз сӯи Марвон ибни Муҳаммад ба писар ва валиаҳди ӯ-Абдуллоҳ”масъалаҳои қаблан таҳқиқнашуда, ба монанди суннатҳои номанигории тоисломии эронӣ (аз қабили ойинҳои дабирӣ, дар васфи бародарӣ ва ойини ҳарб), инъикос ёфтаанд. Хулоса шудааст, ки номаҳои Абдулҳамиди Котиб ҳам дар рушду ташаккули номанигорӣ ва ҳам дар пешрафти адабиёти арабизабони форсу тоҷик саҳми назаррас гузоштааст.
Абдулҳамиди Котиб, жанри номанигорӣ, таъсири адабиёти паҳлавӣ ба адабиёти араб, адабиёти форсу тоҷик, марҳилаи арабизабони, робитаҳои адабӣ
1. Аскарӣ, Абӯҳилол. Ас-синоатайн («Книга о двух литературных искусствах»). / Абӯҳилол, Аскарӣ. – Миср, 1952. – 528 с.
2. Баҳор, Муҳаммадтақӣ. Сабкшиносӣ. / Муҳаммадтақӣ Баҳор. Ҷ.1-3. – Теҳрон 1369.
3. Зоҳидов, Н. Насри арабизабони адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои VIII-IX. / Н. Зоҳидов. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2004. – 402 с.
4. Ибн Қутайба. Уюн ал-ахбор («Источники рассказов»). Ҷ.1. / Ибн Қутайба. – Қоҳира: Дор ал-Миср, 1996. – 349 с.
5. Қалкашандӣ, Абул Аббас. Субҳ ал-аъшо фи синоат ал-иншо («Светоч для слепого в чистописании»). Ҷ.1. / Абул Аббос, Қалкашандӣ. – Қоҳира: Дор ал-Миср, 1916. – 475 с.
6. Надим, Муҳаммад ибн Исҳоқ. ал-Фихраст ал-улум («Оглавление наук»)/ Перевод Ризо Таджаджуда/ Муҳаммад ибн Исҳоқ, Надим.– Теҳрон, 1381.– 852 с.
7. Тохо, Ҳусайн. Мин таърих ал-адаб ал-араби («Из истории арабской литературы»). Ҷ.1-3 / Ҳусайн, Тоҳа. – Бейрут: Дор ал-илм, 1980. – 480 с.
8. Хатибӣ, Ҳусайн. Фанни наср дар адаби порсӣ («Проза в персидской литературе») / Ҳусайн, Хатибӣ – Теҳрон: Заввор, 1365. – 637 с.
9. Фирдавсӣ, Абулқосим. Шоҳнома. Ҷилдҳои I-X/ Абулқосим Фирдавсӣ. – Душанбе.: Адиб, 2007-2010
10.Ҷаҳшиёрӣ, Муҳаммад ибн Абдус. Аль-Вузара ва-л - куттаб («Книга о визирях и писцах») / Тарҷумаи Абул Фазл Таботабои / Муҳаммад ибн Абдус, Ҷаҳшиёрӣ. – Теҳрон, 1348. – 439 с.
11.Ҷоҳиз, Амр ибн Баҳр. Аль-Баян в-ат-табйин («Книга ясного изложения и разъяснения»). Ҷ.1-4. / Амр ибн Баҳр, Ҷоҳиз. – Миср, 1993.
12.Ҷоҳиз, ат-Тоҷ ви ахлоқ-ал-мулук. / Амр ибн Баҳр, Ҷоҳиз. – Бейрут, 2003.
13.Шавқӣ, Зайф. Таърих ал-адаб ал-араб. («История арабской литературы») / Зайф, Шавқӣ. – Қоҳира: Дор ал-маориф, 1999. – 576 с.