0.0/5 овоз (0 овозҳо)

УСУЛИ ШАРҲИ МАЪНОИ МОДДАҲОИ ЛУҒАВӢ БО ИСТИФОДА АЗ МУРОДИФОТИ ЗАБОНУ ЛАҲҶАҲО ДАР ФАРҲАНГИ “БУРҲОНИ ҚОТЕЪ”

Муаллиф (он)

Ғиёсов Н.И., Раҳматова Ш.Р.

Чакидаи мақола

Усули шарҳи маънои моддаҳои луғавӣ бо истифода аз муродифоти забону лаҳҷаҳо дар фарҳанги “Бурҳони қотеъ” таҳлилу баррасӣ шудааст. Муайян гардидааст, ки дар тавзеҳи моддаҳои луғавии фарҳанг  дар баробари муродиф ба забони форсӣ-тоҷикӣ ва лаҳҷаҳои он муродифот бо забонҳои дигар, аз ҷумла, арабӣ, туркӣ, сурёнӣ, румӣ, юнонӣ, ҳиндӣ, озарбойҷонӣ ва  лаҳҷаҳои арабӣ, туркӣ ва ҳиндӣ низ мавриди истифода қарор гирифтааст. Омилҳои истифода аз муродифоти забонҳои бегона, ба кадом забону лаҳҷаҳо тааллуқ доштани чунин муродифот кушода дода шуда, хулоса бароварда шудааст, ки муаллифи фарҳанг ҳини ташреҳу тавзеҳи вожаҳои истилоҳотӣ, душворфаҳм ва мансуб ба гиёҳшиносӣ, дорушиносӣ, тиб ва амсоли онҳо ба чунин усули ташреҳ рӯй овардааст.

Калидвожаҳо

Бурҳони қотеъ”, Муҳаммадҳусайни Бурҳон,фарҳангнигорӣ, усулҳои шарҳ, моддаи луғавӣ, усули шарҳ бо муродифот, забонҳо, лаҳҷаҳо

Пайнавишт

1.    Балёнӣ, Тақиуддин Авҳадӣ. Сурмаи сулаймонӣ / Фароҳамоварандаи матн, муаллифи пешгуфтор, ҳавошӣ, тавзеҳот, феҳраст ва мақола Ф.Ғиёсова. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2006. – 486 с.

2.    Берунӣ, Абурайҳон. Ас-сайдана фи-т-тиб / Таҳияи матн ва пешгуфтори А.Ҳ.Мадрушкатӣ.ҷ.1. – Душанбе: Дониш, 2017. – 502 с.

3.    Воҳидов А. Фарҳангнигории форсӣ-тоҷикӣ дар асрҳои X-XIX / А. Воҳидов. – Самарқанд: СамДУ, 2018. – 144 с. 

4.    Ғиёсова Ф. Н. Усули ташреҳи шакл ва маънии калима дар фарҳангҳои қарни ХVII. Дис.барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ. – Хуҷанд, 2006. ­– ­174 с.

5.    Капранов А.В. Таджикско-персидская лексикография в Индии XVI-XIXвв./ А.В.  Капранов. – Душанбе: Дониш, 1987. – 224 с.

6.    Муҳаммадҳусайн ибни Халафи Табрезӣ. Бурҳони қотеъ / Ба  эҳтимоми доктор Муҳаммад Муин. Дар панҷ муҷаллад. – Теҳрон, 1342.

7.    Нахҷувонӣ, Муҳаммад ибни Ҳиндушоҳ. Сиҳоҳ-ул-фурс. Пешгуфтор, таҳияи матн ва феҳристи алифбоии луғат Ғ. Мирзоев. – Душанбе: Гулнақш, 2023. – 406 с.

8.    Отахонова А. Фарҳангномаи Ҳусайн Вафоӣ. – Душанбе: Дониш, 1986. – 124 с.

9.    Рауфов Ҳ. “Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ” ҳамчун сарчашмаи лексикографияи тоҷику форс. – Душанбе: Дониш, 1973. – 191с.

10. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ.2. – Москва: Советская энциклопедия, 1969. – 949 с.

11.Ҳикмат, Алиасғар. Бурҳони қотеъ. /Муқаддимаи Луғатномаи Деҳхудо. Ҷ.1. – Теҳрон: Муассисаи чоп ва интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1377. – С. 201-218.

12.Шерозӣ, Мир Ҷамолуддин Ҳусайни Инҷу. Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ. Виростаи  Раҳими Афифӣ. Ҷ.2. – Машҳад, 1351. – 1327. – 2657 с.

Таърихи нашр

Четверг, 11 Апрель 2024