Хусусиятҳои истифодаи воҳидҳои фразеологии феълӣ дар назми Мирзо Турсунзода ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Зикр шудааст, ки қисми зиёди воҳидҳои фразеологиро дар ашъори Мирзо Турсунзода таъбирҳои феълӣ ташкил медиҳанд, ки онҳо чи аз ҷиҳати таркиб ва чи аз лиҳози маъно мухталифанд. Аз ҷумла, мафҳумҳо зимни маҷоз тавассути таркибҳои феълӣ ифода мегарданд, ки асосан аз исм, баъзан сифат ва феъли ёвари кардан иборатанд. Дар мавриди такрори ҷузъи номӣ амали дар таркиб истифодашаванда маънои давомнок, бисёркарата пайдо мекунанд. (кӯч-кӯч кардан). Таъкид шудааст, ки агар таркиби феълӣ пуркунанда қабул намояд, доираи семантикии он фарох гашта, ба таъбири сифатии нав табдил меёбад. Дар ин маврид пуркунанда пасванди –ро қабул мекунад (кӯчаро хӯрда кардан). Услуби шифоҳии баён ба шоир имкон додааст, ки қаринаи халқии пасоянди –ро, -а-ро истифода барад (Қуръона пеши по кардан). Ба сифати феълҳои ёвар бештар феълҳои кардан, шудан, будан хизмат кардаанд.
ашъори Мирзо Турсунзода, воҳидҳои фразеологӣ, воҳидҳои фразеологии феълӣ, феълҳои ёвар, ҷузъи номӣ, пасванди –ро (-а)
1. Айнӣ С. Куллиёт. Ҷилди 12. – Душанбе: Ирфон, 1976. – 563 с.
2. Ғаффоров Р. Нависанда ва забон. –Душанбе: Ирфон, 1977. – 203 с.
3. Маъсумӣ Н. Очеркҳо оид ба инкишофи забони адабии тоҷик. – Сталинобод: Нашр. давл. Тоҷикистон, 1959. – 294 с.
4. Маджитов Х. Фразеологическая система современного таджикского литературного языка / Х. Маджитов. – Душанбе, 2006.
5. Муҳаммадиев М. Очеркҳо оид ба лексикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. – Душанбе: Ирфон, 1968. – 63 с.
6. Нурматова М.Р. Вазифаҳои наҳвии воҳидҳои фразеологии феълӣ дар забони адабии муосири тоҷикӣ: автореф. дисс. номз. илм. филол. – Хучанд, 2022. – 26 с.
7. Турсунзода М. Куллиёт. Ҷилди 1. Шеърҳо – Душанбе: Ирфон, 1971. – 327 с.
8. Турсунзода М. Асарҳои мунтахаб. Ҷилди 2. Либреттоҳо, достонҳо. – Душанбе: Нашр.давл. Тоҷикистон, 1962. – 310 с.
9. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ.Ҷилди 1. – Душанбе,2008. – 949 с.; Ҷилди 2. – 944 с.