Ду нусхаи хаттии девони Зиёуддин Хуҷандӣ маъруф ба Форсӣ баррасӣ шудааст. Таъкид гардидааст, ки аввалин бор девони Зиёуддини Хуҷандиро, ки дар китобхонаи Донишгоҳи Кембриҷ нигаҳдорӣ мешавад, ховаршиноси англис Д.Робертсон соли 1951 муаррифӣ карда буд. Муаррифии комилтари дастнависи Донишгоҳи Кембриҷ ва таркиби жанрии девон дар ин мақола сурат гирифтааст. Ҳамчунин оид ба андешаҳои адабиётшиноси маъруфи тоҷик А.Насриддинов вобаста ба нусхаи мазкур мулоҳизаронӣ шудааст. Хати хоно ва зебои ин нусха махсус мавриди таъкиди муаллиф қарор гирифтааст. Дар бораи нусхаи дигари девони Зиёуддини Хуҷандӣ, ки дар китобхонаи Кохи Гулистон (Эрон) маҳфуз ва нисбатан мукаммалтар ва қадимитар аст низ мулоҳизоте ироа шудааст. Таъкид гардидааст, ки девони дар Кохи Гулистон маҳфузбуда бо хатти хеле печида ва душворхони "таълиқ" навишта шудааст. Таҳлили муқоисавии ду девон аз рӯйи қолабҳои шеърӣ сурат гирифтааст. Дар маҷмуъ, муаллиф ба хулосае расидааст, ки мавҷудияти ҳар ду нусха заминаи нашри осори Зиёуддини Форсии Хуҷандиро фароҳам сохтааст.
таърихи адабиёти тоҷики, асри ХIII, Зиёуддин Форсии Хуҷандӣ, девон, Донишгоҳи Кембриҷ, таълиқ, Китобхонаи Кохи Гулистон, Д.Робертсон
1. Авҳадии Балёнӣ, Тақиуддин Муҳаммад ибни Муҳаммад. Арафот-ул-ошиқин ва арасотул-орифин / Авҳадии Балёнӣ, Тақиуддин Муҳаммад ибни Муҳаммад. – Теҳрон, 1389. – 5493 с. ҷ. 4.
2. Азимӣ Ҳабибуллоҳ. Коғаз дар нусхашиносӣ ва китобатпардозии нусахи хаттӣ // Оинаи мерос, 1387. – №42. - С.161-185.
3. Исфарангӣ, Сайфуддин. Девон / Сайфуддини Исфарангӣ; таҳиягар ва муаллифи пешгуфтор, луғот ва тавзеҳот Субҳони Аъзамзод. – Хуҷанд: Хуросон, 2017. – 832 с.
4. Моили Ҳиравӣ, Наҷиб. Нақду тасҳеҳи мутун / Наҷиб Моили Ҳиравӣ. – Ҳирот, 1402. – 472 с.
5. Муродӣ, Абулфазл. Пажуҳише дар асолат ва таборшиносии ду нусха аз нусхаҳои хаттии мунтасаб ба Зиёуддин Хуҷандии Порсӣ ва баррасии иртиботи он бо Камоли Хуҷандӣ.//Пажуҳишномаи нусхашиносии мутуни назму насри форсӣ, 1395. – №2. - С.127-146.
6. Насриддин Абдуманнон. Тазкираи шуарои Хуҷанд / Абдуманнони Насриддин. – Теҳрон, 1387. – 378 с.
7. Насриддин Абдуманнон. Зиёуддин Хуҷандӣ [Форсӣ] ва осори ӯ.// Номаи Донишгоҳ. – Хуҷанд. – 2010. – №1[21]. – С. 3-12.
8. Нафисӣ, Саид. Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ /Саид Нафисӣ. – Теҳрон, 1363. – Ҷ. 1.- 664 с.
9. Отобой, Бадрӣ. Феҳристи девонҳои хаттии Китобхонаи Салтанатӣ. – Теҳрон, 1335.
10.Сафо Забеҳуллоҳ. Таърихи адабиёт дар Эрон. Ҷ. 1 /Забеҳуллоҳ Сафо. – Теҳрон, 1367. – 1128 с.
11.Форсӣ, Зиё. Девон. Нусхаи шумораи 2035 китобхонаи Донишгоҳи Кембриҷ. - 149 с.
12.Порсӣ, Зиёуддин. Девон. Нусхаи №664 Китобхонаи Кохи Гулистон. - 303 с.
13.D.S.Robertson. A Forgotten Persian poet of the Thirteenth century. - Journal of the Royal Asiatic Society, №1/2. – Апрели 1951. – С.103.