Масъалаи таснифи воситаҳои ифодаи мафҳуми “монанд” дар забони англисӣ ва муодили онҳо дар забони тоҷикӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Дар забони англисӣ пасвандҳои сифатсоз яке аз воситаҳои ифодаи мафҳуми “монанд” мебошанд. Натиҷаи таҳқиқот нишон медиҳад, ки дар низоми калимасозии сифати забони англисӣ 11 адад пасванд барои ифодаи мафҳуми “монанд” истифода бурда мешавад, ки муодилҳои онҳо дар забони тоҷикӣ асосан пасвандҳои –она (-гона, -ёна), -ӣ мебошанд. Қайд шудааст, ки пасвандҳои мазкурро аз рӯи хусусиятҳои маъноӣ гурӯҳбандӣ намудан мумкин аст. Таснифоти пасвандҳои ифодакунандаи мафҳуми “монанд” пешниҳод шудааст: маънои монанд аз ҷиҳати шакл, шабеҳ аз ҷиҳати хусусият ё аломат, монанд аз ҷиҳати ранг, монанд аз ҷиҳати намуди зоҳирӣ, хислат ё рафтор ва ғайра.
мафҳуми “монанд”, воситаҳои калимасоз, пасвандҳои сифатсоз, низоми сифат, таснифот, хусусиятҳои маъноӣ
1. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Морфология.- Душанбе: Дониш, 1985. – 290 с.
2. Зятковская Р.Г. Суффиксальная система современного английского языка. –М.: Высшая школа, 1971. – 186 с.
3. Иматшоева, М.Б. Выражение цветообозначения в разносистемных языках: автореф. дис. … канд. филол. наук: 10.02.20 / М.Б. Иматшоева. – Душанбе, 2010. – 18 с.
4. Каращук П.М. Словообразование английского языка. –М.: Высшая школа, 1977. – 304 с.
5. Мешков О.Д. Словообразование современного английского языка. –М.: Наука, 1976. – 248 с.
6. Ҷалилова, М.Т. Структурно-семантический анализ цветообозначения в таджикском, английском и русском языках: дис. … канд. филол. наук. – Душанбе, 2016. – 176 с.