0.0/5 овоз (0 овозҳо)

УСУЛҲОИ ШАРҲИ ВОЖАҲО ДАР ТАЪРИХНОМАҲОИ САДАҲОИ X-XIII

Муаллиф (он)

Давлатзода Р.

Чакидаи мақола

Усулҳои шарҳи унсурҳои луғавӣ дар таърихномаҳои ба забони тоҷикӣ таълифшуда ва тарҷумагардидаи садаҳои X-XIII баррасӣ шудааст.Дар заминаи маводи аз ҳашт таърихномаи садаҳои зикршуда гирдоварда роҳҳои тафсири маънои вожаву ифодаҳои мансуб ба забонҳои мухталиф, ки соҳибони чунин осор пеш гирифтаанд, ба риштаи таҳлил кашида шудааст.Дар асоси муқоисаи маводи таърихномаҳо хулоса шудааст, ки дар маҷмуъ дар онҳо 89 адад воҳидҳои луғавӣ бо се усул тафсир карда шудаанд. Таъкид гардидааст, ки теъдоди бештари унсурҳои луғавӣ дар тарҷумаи “Таърихи Табарӣ”-ву “Зайн-ул-ахбор” ва камтарашон дар “Ғурар-ус-сияр”-и Саолибиву “Таърихи Бухоро”-и Наршахӣ ба назар мерасанд.

Калидвожаҳо

афкори забоншиносии тоҷик, таърихномаҳои садаҳои X-XIII, вожаҳо, вожашиносии таърихӣ, усулҳои шарҳи маъно, забони тоҷикӣ

Пайнавишт

1.    Байҳақӣ, Хоҷа Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайн. Таърихи Байҳақӣ. / Таҳиягари матн, муаллифи муқаддима, ҳавошӣ ва феҳристҳо С. Муллоҷон. –Душанбе: Бухоро, 2014.-774 с.

2.    Балъамӣ, Абуалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммад. Таърихи Табарӣ. Ҷилди 1, с. 3-817 с.; ҷилди 2, 818-1632 с. / Бо муқаддима ва тавзеҳоти М. Умаров ва Ф. Бобоев. -Теҳрон, 1380 / 2001.

3.    Гардезӣ, Абусаид Абдулҳай. Зайн-ул-ахбор. Ба хатти кирилӣ баргардони Қ. Рустам.–Душанбе: Бухоро, 2014. – 415 с.

4.    Ғафуров О. Шарҳи исму лақабҳо. - Душанбе: Ирфон, 1961 – 160 с.

5.    Зоҳидов Н. Насри арабизабони адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои VIII-IX. -Диссертатсияи докторӣ. – Хуҷанд, 2004. -351с.

6.    Ибн-ал-Балхӣ. Форснома. Ба чоп тайёркунандагон Ҳ.Раупов ва М.Ҷалилова. – Душанбе: Дониш, 1989.  – 158 с.

7.    Муҷмал-ут-таворих ва-л-қисас. Ба эҳтимому тасҳеҳи Маликушшуаро Баҳор. Ба ҳиммати Муҳаммади Рамазонӣ. Чопи дувум (бидуни зикри ҷой ва соли нашр).

8.    Наршахӣ, Абубакр Муҳаммад ибни Ҷаъфар. Таърихи Бухоро / Мураттибон Ғ. Ғоибов, К. Олимов, Н. Амиршоҳӣ.-Душанбе: Пайванд, 2012. – 546 с.

9.    Насриддинов А. Усулҳои шарҳи этимологии калима // Мактаби Советӣ, 1980. - №9.  -С.18-21.

10.Таърихи Систон. Таҳияи матн, муқаддима, тавзеҳот ва феҳристҳо аз М. Имомов ва А.  Абдусаттор. –Душанбе: Бухоро, 2014. -352 с.

11.Саолибии Нишопурӣ, Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммади Таърихи «Ғурар-ус-сияр» маъруф ба «Шоҳнома»-и Саолибӣ. / Таҳиягар ва муаллифи сарсухан Н.Зоҳидов. –Душанбе: Бухоро, 2014. -441 с.

12.Тошбоев Б. X-XIII асрларда форс-тожик тилида яратилган тарихий асарларда лексик бирликлар этимологиясига доир қарашлар. / Филология фанлари бӯйича фалсафа доктори (PhD) диссертатсияси. - Самарқанд, 2023. -199 с.

13.Хоҷаев Д. Афкори забоншиносии тоҷик дар асрҳои X-XVI. -Душанбе: Маориф  ва фарҳанг, 2013. -343 с.

14.Ҳасанзода А. Асолати забон ва маҳорати баён. -Хуҷанд: Ношир, 2018. -516 с.

15.Ҷурфодиқонӣ, Абушшараф Носеҳ ибни Зафар. «Тарҷумаи «Таърихи Яминӣ». / Муқаддима, таҳия, таҳшия, таълиқот, луғот ва феҳристи Н. И. Ғиёсов. –Хуҷанд: Ношир, 2013. – 416 с.

Таърихи нашр

Понедельник, 19 Январь 2026