Зикр шудааст, ки дар ғазалиёти Саъдӣ матолиб ва мазомини ишқӣ бо тасвири манзараи махсуси авотифи қалбиву равонӣ матраҳ гардидааст. Саъдӣ олами ботинӣ ва ҳолоти қалбию равонии ошиқро, ки дар вазъиятҳои мухталиф қарор мегирад, хеле хуб эҳсос мекунад ва, муҳиммаш тобишҳои нозуктарини онҳоро бо устодии махсус тасвир мекунад. Ҳолати ошиқ чун эҳсоси ботиние тасвир мешавад, ки шахсияти шоир ба он ғӯтавар гардидааст. Таъкид гардидааст, ки дар ғазалҳои Саъдӣ ҳарчанд ду навъи ишқ- ишқи заминиву воқеӣ ва ишқи ирфонивӣ ба назар мерасад, аммо, басомади омории корбурди ишқи воқеӣ дар ғазалиёти шоир басо зиёдтар аст. Бо шоҳидҳои сершумор собит карда шудааст, ки дар эҷодиёти шоир ғазалҳои зиёде ба чашм мерасанд, ки ба мавзуи фироқ, ҳиҷрон, ҳасрату дарди ошиқ бахшида шудаанд. Чунин ғазалҳо аксаран қофияҳои “орӣ/рӣ”, “ӯй”, радифҳои “шудам”, “аст”, “мебарӣ”, “ман” доранд.
ишқ,ошиқ, Саъдии Шерозӣ, ғазал, ишқи ирфонӣ, ишқи маҷозӣ, ишқу муҳаббат, ишқи инсонӣ
1. РейснерМ.Л. Эволюция классической газели на фарси (X – X1V века) / Ответственный редактор. –В.Б. Никитина, М.Л. Рейснер. – Москва: Наука, 1989. – 222 с.
2. Шамисо, Сирус. Сайри ғазал дар шеъри форсӣ / Сируси Шамисо.–Теҳрон: Фирдавс, 1369.– 312 с.
3. Шерозӣ, С. Куллиёт / С. Шерозӣ. – Ҷ. I. Мураттиб ва муаллифи сарсухан Саҳобиддин Сиддиқов. – Душанбе: Адиб, 1988. – 430 с.
4. Шерозӣ, С. Куллиёт / С. Шерозӣ. – Ҷ. II. Мураттибон Саҳобиддин Сиддиқов, Назира Қаҳҳорова. – Душанбе: Адиб, 1989. – 414 с.
5. Шерозӣ, С. Куллиёт / С. Шерозӣ. – Ҷ. III. Мураттиб ва муаллифи сарсухан Саҳобиддин Сиддиқов. – Душанбе: Адиб, 1988. – 365 с.
6. Нуъмонӣ, Шиблӣ. Шеър-ул-Аҷам / Шиблии Нуъмонӣ. Мутарҷим Сайид Муҳаммадтақӣ Фахри Доии Гелонӣ. – Ҷ. 3. – Теҳрон: Дунёи китоб, 1368. – 204 с.
7. Фурӯғӣ, Муҳаммадалӣ. Саъдӣ ва осори ӯ. Муқаддима / Муҳаммадалии Фурӯғӣ // Саъдӣ. Куллиёт. – Теҳрон: Паймон, 1380. – С. 5-13.