0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ТАҲҚИҚИ ҚИЁСИИ МАЪНОҲОИ ДАСТУРИИ МУШТАРАКИ ДУ УНСУРИ ЁВАРИ НУТҚ

Муаллиф (он)

Курғанов З.Д.

Чакидаи мақола

Мафҳуми «сабаб», ки ифодаи он дар забон ҳам бо пешояндҳо (ба баёни сабаби феъле мепардозад) ва ҳам бо пайвандакҳо (дар ин сурат пас аз пайвандаки тобеъ ҷумлае оварда мешавад, ки сабаби вуқуи амалро баён мекунад) имконпазир мегардад, дар заминаи осори назмиву насрии қадиму муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Зикр гардидааст, ки дар дастурҳои забони форсӣ ин маънои грамматикӣ бо истилоҳи «таълил» забт шудааст. Таҳлилу муқобалаи маводди фактологии зери даст аз он шаҳодат медиҳад, ки барои баёни мафҳуми сабаб пайвандакҳо дар дараҷаи аввал ва пешояндҳо ҷойгоҳи дуюмро ишғол мекунанд. Аз гурӯҳи пешояндҳо «барои» ва «аз» намоёнгари аслии ин мафҳуманд. Истеъмоли пешоянди «андар», ки корбурди он дар забони адабии муосири тоҷикӣ маҳдуд шудааст, барои ифодаи маънои сабаб хоси осори мутуни қадим аст. Дар маҷмуъ, барои ифодаи маънои сабаби амал ва ҳодиса суханварони гузаштаву ҳозираи мо бештар аз пешояндҳои «барои», «аз, «ба», «бар» ва «дар» истифода кардаанд.

Калидвожаҳо

дастур; унсури ёвари сервазифа; маънои «сабаб»; пешоянд; пайвандак; забони адабии муосири тоҷикӣ; мутуни қадим; назму наср; осори садаҳои Х-ХIII; пешояндҳои таркибии номии изофӣ

Пайнавишт

1.    Айнӣ, Садриддин. Марги судхӯр / С. Айнӣ. – Душанбе: Маориф, 2015. – 208 с.

2.    Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. Таҳияи матн ва луғоту тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. – Душанбе: Адиб, 2007. – 480 с.

3.    Байҳақӣ, Абулфазл. Таърихи Байҳақӣ / А. Байҳақӣ. Таҳиягари матн, муаллифи муқаддима, ҳавошӣ ва феҳристҳо Сайфуллоҳи Муллоҷон. – Душанбе: Бухоро, 2014. – 774 с.

4.    Гулназар. Туву хубиву раъноӣ(гулчини ашъор). – Душанбе: Адиб, 2010. – 408 с.

5.    Гулрухсор. Сакарот. Роман. Чопи аввал. – Душанбе: ЭР-граф, 2009. – 398 с.

6.    Гулрухсор. Шуъла дар санг (гулчини ашъор).– Душанбе: Адиб, 2011. – 384 с.

7.   Ғоиб, Муҳаммад. Сояи нур (маҷмуаи шеърҳо,қиссаҳо, ҳикояҳо, ҳаҷвияҳо ва мақолаҳо) / М.Ғоиб.Душанбе: Адиб, 2014. – 472 с.

8.    Деҳхудо, Алиакбар. Луғатнома / А. Деҳхудо. Ҷилдҳои 1-50. – Теҳрон: Муассисаи интишорот ва чопи Донишгоҳи Теҳрон, 1328.

9.    Забони адабии ҳозираи тоҷик. Қ.1. Лексикология. Фонетика. Морфология. – Душанбе:Маориф, 1982. – 461 с.; Қисми 2. Синтаксис. Китоби дарсӣ барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ.–Душанбе: Маориф, 1995. – 336 с.

10.Кайковус, Унсурулмаолӣ. Қобуснома / Унсурулмаолӣ К. Бо эҳтимоми Ғуломҳусайн Юсуфӣ. – Теҳрон: Интишороти бунгоҳи тарҷума ва  нашри китоб, 1345. – 329 с.

11.Коллектив. Гулбонги истиқлол (баёзи назми муосири тоҷик). – Душанбе: Адиб, 2011. – 272 с.

12.Кӯҳзод Ӯрун. Ҳайҷо. Роман. Нашри мукаммал / Ӯрун К. – Душанбе: Адиб, 2015. – 416 с.

13.Румӣ, Ҷалолуддин. Маснавии маънавӣ / Ҷ. Румӣ. Таҳия, танзим ва баргардони матн Баҳриддин Ализода ва Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ.– Теҳрон: Нашри замон, 2001. – 728 с.

14.Самад, Абдулҳамид. Гардиши девбод (роман) / А. Самад. – Душанбе: Маориф, 2017. – 512 с.

15.Тарҷумаи «Тафсири Табарӣ» (дар як китоб ва ҳафт муҷаллад). Таҳия, тавзеҳот ва таълиқоти Н.Ю. Салимов, Н.Ш. Зоҳидов, Н.И. Ғиёсов, А.А. Ҳасанов, А. Самеев. – Душанбе: Бухоро, 2014. – 822 с.

16.Таърихи Систон. Таҳияи матн, муқаддима, тавзеҳот ва феҳристҳо аз Муҳаммадюсуф Имомов ва Абдушукури Абдусаттор.  – Душанбе: Бухоро, 2014. – 352 с.

17.Фирдавсӣ, Абулқосим. Шоҳнома (Ахтарони адаб) /А.Фирдавсӣ. Ҷилдҳои 1-10. – Душанбе: Адиб, 2007 – 2010.

18.Фирӯз, Баҳром. Агар вай мард мебуд:Повестҳо / Б. Фирӯз. – Душанбе: Адиб, 1987. – 384 с.

19.Хайёмпур, Абдурасул. Дастури забони форсӣ / Абдурасул Х. – Табрез: Ситуда, 1384. – 290 с.

20.Хуҷандӣ, Фарзона. Девон (панҷсад ғазали дилангез) / Фарзонаи Х. – Душанбе: Хуросон, 2014. – 540 с.

21.Ҳудуд-ул-олам мина-л-Машриқ ила-л-Мағриб. Таҳиякунандаи матн ва муаллифи пешгуфтор А. Ҳасанов. – Душанбе: Бухоро, 2014. – 587 с.

22.Ҳумоюнфаррух, Абдураҳим. Дастури ҷомеи форсӣ / Абдураҳим Ҳ. – Теҳрон: Муассисаи матбуоти илмӣ, 1364. – 800 с.

23.Ҷалил, Раҳим. Табиби ман / Р. Ҷалил. – Душанбе: Маориф, 1981. – 155 с.

24.Шералӣ, Лоиқ. Куллиёт / Л. Шералӣ. Ҷилди 1. – Душанбе: Адиб, 2008. – 560 с.

25.Шерозӣ, Саъдӣ. Гулистон / С. Шерозӣ. Бар асоси тасҳеҳ ва табъи шодравон Муҳаммадалии Фурӯғӣ (бо маънии вожаҳо ва шарҳи ҷумлаҳову байтҳои душвор). Мураттиб ва баргардони матн Обиди Шакурзода. – Душанбе, 2009. – 345 с.

26.Шерозӣ, Саъдӣ. Бӯстон / С. Шерозӣ. – Теҳрон: Интишороти байналмилалии Алҳудо, 1371. – 463 с.

27.Шерозӣ, Саъдӣ. Ғазалиёт / С. Шерозӣ. – Душанбе: Адиб, 2014. – 480 с.

Таърихи нашр

Пятница, 03 Апрель 2026

Индексатсияи маҷалла

Дӯстони мо

Воридшави ба сомона

8224204
Имрӯз
Рӯзи гузашта
Ҳафтаи ҷорӣ
Ҳафтаи гузашта
Моҳи ҷорӣ
Моҳи гузашта
Ҳама рӯз
1225
3098
15444
20570
46194
92303
8224204

Прогноз Сегодня
28512


IP-и Шумо216.73.216.120