0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ТАЪРИХНИГОРОНИ САДАҲОИ X-XIII ДАР БОРАИ СУХАН ВА СУХАНВАР

Муаллиф (он)

Давлатзода Р.

Чакидаи мақола

Қайду ишораҳои таърихнигорони асрҳои Х-ХIII Абуалии Балъамӣ, Абулфазли Байҳақӣ ва Абушшарафи Ҷурфодиқонӣ дар бораи мақоми сухан ва суханвар ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Муаллифони таърихномаҳои маъруф таъкид кардаанд, ки суханвар бояд суханашро бо каломи кӯтоҳу пурмаъно баён кунад, аз пургӯию такрор канораҷӯӣ намояд. Бино ба гуфтаи муаллифи “Таърихи Яминӣ” инсон ба туфайли пошандаи тухми сухан буданаш абадзинда аст. Ба ақидаи таърихнигорон забони таърихнома набояд хушку холӣ ва обшуста бошад, беҳтар аст таърихнома бо ҳикоёти латиф оро дода шавад. Ҳамчунин дар таърихномаҳо ҷо-ҷо истифода намудани порчаҳои манзум ба онҳо ҳусни иловагӣ мебахшад. Хулоса шудааст, ки қайду ишораҳои муаллифони таърихномаҳои садаҳои Х-ХIII аз як тараф бо зебоию равонӣ ва тавоноиву матонат касб кардани забони тоҷикӣ мусоидат карда бошанд, аз ҷониби дигар, ба ташаккули сабки иншои таърихномаҳои ҳам замони худ ва ҳам қуруни минбаъда таъсири назаррас расонидаанд.

Калидвожаҳо

осори таърихии садаҳои X-XIII; таърихнигорон; Байҳақӣ; Балъамӣ; Ҷурфодиқонӣ; сухан; қайдҳо; сабки таърихномаҳо

Пайнавишт

1.    Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат-ҳастии миллат. Китоби 2. Забон ва замон. –Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. -432с.

2.    Байҳақӣ, Хоҷа Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайн. Таърихи Байҳақӣ. Таҳиягари матн, муаллифи муқаддима, ҳавошӣ ва феҳристҳо С. Муллоҷон. –Душанбе: Бухоро, 2014. -774с.

3.    Балъамӣ, Абуалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммад. Таърихи Табарӣ. Ҷилди 1. Бо муқаддима ва тавзеҳоти М. Умаров ва Ф. Бобоев. -Теҳрон, 1380 / 2001. -817 с.

4.    Ғаффоров Р. Нависанда ва забон. –Душанбе: Ирфон, 1977. -207с.

5.    Зоиров Ҳ. Айнулқузоти Ҳамадонӣ ва ҷойгоҳи «Номаҳо»-и ӯ дар насри форсу тоҷики асри XII. –Хуҷанд: Ношир, 2024. -339с.

6.    Мирзо Ҳасани Султон. Забони пӯё ва поё. –Душанбе: Дониш, 2018. -229с.

7.         Камолиддинов Б. Сухан аз баҳри дигарон гӯянд. –Душанбе: Интернюс-Тоҷикистон, 2001. -171с.

8.    Фаршедвард Х. Масъалаи дурусту Ғалат, нигоришу пажуҳиш дар забони форсӣ.–Теҳрон: Интишороти «Сухан», чопи аввал, 1387. –472 с.

9.    Хоҷаев Д. Афкори забоншиносии тоҷик дар асрҳои X-XVI. –Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2013. -343с.

10.Ҷурфодиқонӣ  А. “Тарҷумаи “Таърихи Яминӣ”. Муқаддима, таҳия, таҳшия, таълиқот, луғот ва феҳристи Н. И. Ғиёсов. –Хуҷанд: Ношир, 2013.-416с.

11.Шаҳбози Кабир, Давлатбеки Хоҷа, Сулаймон Анварӣ. Сухан бифканад минбару дорро… -Душанбе: Адиб, 2008. -176с.

Таърихи нашр

Пятница, 03 Апрель 2026

Индексатсияи маҷалла

Дӯстони мо

Воридшави ба сомона

8232042
Имрӯз
Рӯзи гузашта
Ҳафтаи ҷорӣ
Ҳафтаи гузашта
Моҳи ҷорӣ
Моҳи гузашта
Ҳама рӯз
2575
3296
20707
20707
54032
92303
8232042

Прогноз Сегодня
4368


IP-и Шумо216.73.216.42